Главная > Навидҳо > Таҷлили Ғалабаи бузург дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Таҷлили Ғалабаи бузург дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе


8-05-2017, 11:06.
Таҷлили Ғалабаи бузург дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Дар арафаи Иди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), ки 9 май таҷлил мегардад, роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 12 нафар ҷанговарони интернатсионалистро, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъолият доранд, ҳавасманд гардонид.

Назар ба иттилои Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти Фурудгоҳи байналимилалии Душанбе, ин иқдом дар доираи таҷлил аз 72-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм ва қадр намудани корнамоию мардонагии родмардони Ватан дар набардҳо баҳри таъмини ҳаёти осоишта ва пойдории сулҳ андешида шудааст.

Ба ҷанговарони интернатсионалист аз ҷониби роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» туҳфаҳои хотиравӣ ва дар ҳаҷми 700 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ инчунин тарбиятгирандагони боғчаҳои пойтахт бо шеъру сурудҳо, ки тараннумгари дӯстӣ, бародарӣ, садоқат ба Ватан ва далерию шуҷоатмандӣ буданд, ҳунарнамоӣ намуданд.
Вернуться назад