Главная > Навидҳо > Ҷавонони Кӯлоб соҳиби кор мешаванд

Ҷавонони Кӯлоб соҳиби кор мешаванд


8-05-2017, 10:04.
Бахшида ба Соли ҷавонон дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ярмаркаи минтақавии ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар ярмарка аз ҷониби 70 ташкилоту муассисаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб 837 ҷойи корӣ ва вазифаи озод ба корҷӯён пешниҳод шуд. Дар ин рӯз 104 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 71 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мақсад аз баргузории ин ярмарка ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба меҳнат ва шуғл мебошад. Инчунин таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ аст, ки ба ин васила сатҳи зиндагии худро метавонанд беҳтар намоянд.
Вернуться назад