Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Муқовимат ба терроризм, экстремизм ва коррупсия / Противодействие терроризму, экстремизму и коррупци > Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ иқдомҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд

Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ иқдомҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд


22-04-2022, 10:32.
Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ иқдомҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд22 апрел дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025» ва масъалаҳои таҳдиду чолишҳои амниятӣ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди зиддитеррористии СММ ва иқдомҳои муштарак дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: ВКХ ҶТ

Вернуться назад