14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳлили нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон

1284
Таҳлили нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон
Ҳайати кормандони тартиби нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони ҷумҳурии Белорус бо мақсади шиносоӣ бо тартиби нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасӣ намудани як қатор пешниҳодот дар ин самт ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Пас аз қабули меҳмонони олиқадр аз тарафи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол рӯзҳои 2-6-уми апрел дар КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» семинар-машварати муфид доир гардид. Меҳмонон- Пурс Геннадий Анатолевич – Раиси Комиссия оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон дар назди Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони мамлакатҳои ширкаткунанда дар ИДМ, директори КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Ҷумҳурии Белорус, Петрунина Светлана Андреевна - сардори шӯъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва ҳуҷҷатгузории КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Ҷумҳурии Белорус, Борисевич Олга Михайловна - сардори шӯъбаи техникӣ-иттилоотии КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Ҷумҳурии Белорус, Киринович Олга Александровна-муовини Сардори шӯъбаи мониторинги нархи масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулот ва конструксияҳои КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Ҷумҳурии Белорус, А.Каримов -директори КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кормандони соҳаи сохтмон дар ҷараёни семинар баъзе аз масъалаҳои асосӣ дар самти нархгузорӣ дар соҳаи сохтмонро баррасӣ намуданд.
Таҳлили нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон
Дар ҷараёни семинар аз ҷониби тарафҳо асосан мавзуъҳои тартиби беҳтар намудани истифодаи захираҳои масолеҳ дар сохтмон ва рушди калидҳои табдилёбӣ дар соҳаи рамзгузории захираҳо дар сохтмон, беҳтар намудани усули мониторингӣ дар нархи фурӯши ҷорӣ дар масолеҳи захиравӣ, табодули таҷриба дар намудҳои харитаҳои технологӣ дар сохтмон, усулҳои махсуси фаъолияти сохтмон ва ҷавобгарии талаботи муосир, муайян намудани механизмҳои амнияти молиявӣ ва системаи беҳтар намудани нархгузорӣ, инчунин ҳисоботҳои буҷети автоматикӣ муҳокима гардиданд.
Таҳлили нархгузорӣ дар соҳаи сохтмонМақсад аз баргузории чунин семинарҳо ба иттилои директори КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ин беҳтар намудани сифати корҳои нархгузорӣ ва ба ин васила тайёр намудани мутахассисон дар ин самт мебошад. Бояд қайд кард, ки ҳамкории КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Ҷумҳурии Белорус ва КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ монда шудааст. Бо баргузор намудани чунин семинарҳои муфид дар самти нархгузорӣ як қатор камбудиҳои ҷойдошта ҳалли худро ёфта, ҳангоми муҳокима ва баррасӣ аз ҷониби тарафайн фикру ақидаҳои ҷолиб барои беҳтар намудани самти нархгузорӣ дар сохтмони ҳарду кишвар пешниҳод мегарданд. Он албатта, ба инобат гирифта шуда, дар ҷараёни кор истифода бурда мешавад.



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво