19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ иштирок намуд

172
Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ иштирок намудИмрӯз вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фарҳанг, иттилоот, саӣёҳӣ ва варзиш, ки дар реҷаи фосилавӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Аъзои комиссия лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография» ва «Дар бораи фаъолияти театр»-ро баррасӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин ахборро дар бораи лоиҳаи таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ, ки ба мувофиқ кардани қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои аъзои АБ ИДМ нигаронида шудааст, шуниданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва дар таҳияи рушди муносиботи амалӣ оид ба ташкил ва коркарди тадбирҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ саҳми арзанда мегузорад.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

АКС: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво