4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба хотири рушди фардои ҷомеа

780
Рӯзи 27-уми март дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмиллалии сатҳи олӣ ва семинар оид ба омодасозии харитаи роҳ дар стандартизатсия, аккредитатсия ва системаи тартиби коромӯзии тахассуси муҳандисӣ (EQSAPS) баргузор гардид.
Дар семинар Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи UNESCO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Ш.Орумбекзода, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Ф.Раҳимӣ, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Зиёев, директори бюрои илмии минтақавии UNESCO дар Осиё ва Уқёнуси Орому Индонезия профессор Шаҳбоз Хон, президенти Хазинаи илмии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ECOSF) Манзур Сумро, устодон асперантон, кормандони ширкатҳои сохтмонии ҷумҳурӣ ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок намуданд.
Ф.Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо баҳори нозанин ва ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ муборакбод намуд. Ў қайд кард, ки имрӯз соҳаи техникаю технология дар кишварамон таҳти сиёсати доимамалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд ёфта истодааст. Баргузории чунин чорабиниҳои байналмиллалиро Ф.Раҳимӣ муфид арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки устодону лоиҳакашон, муҳандисон ва кормандони техникӣ имкони шинос шудан бо стандартҳои тахассусҳои техникии ҷузъҳои муҳандисии кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Оромро дошта, минбаъд бо назардошти имконият метавонанд онро дар амал татбиқ намоянд.
Ба хотири рушди фардои ҷомеа
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Ш.Орумбекзода суханашро бо ин мисраъҳо оғоз намуда, аз фазои осудаи Тоҷикистони соҳибистиқолол шукргузорӣ намуд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки барои пешравии ин ва ё он соҳа, ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва ободии гӯшаи диёри кишвар нахуст бояд ба қадри сулҳу ваҳдати он расид. Хушбахтона, дар Тоҷикистони офтобрӯя имрӯз ваҳдати миллӣ танинандоз аст ва барои сокинон имкони шароити хуби зиндагӣ ва пешрафти фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Ба хотири рушди фардои ҷомеа
Профессор Шаҳбоз Хон иқдоми аккредитатсияи минтақавии UNESCO дар Осиё ва Уқёнуси Оромро ба таври муфассал шарҳ дод. Ў ба масъалаҳои рушди иқтисодиёт, дастрасӣ ба оби тоза ва ҳалли муаммоҳои мавҷуда дар ҷараёни семинар равшанӣ андохт. Профессор Шаҳбоз Хон қайд кард, ки инсон дар ҳалли ин ва ё он масъала ба мушкилоте рӯ ба рӯ мегардад, аммо онро бо кашфи дастовардҳои нави технологӣ бартараф кардан мумкин аст. Дар мавриди тайёр кардани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ ЮНЕСКО ҳамчун созмони байналмиллалӣ метавонад дар самти рушди илмҳои технологӣ саҳмгузор бошад.
Ба хотири рушди фардои ҷомеа
Семинар се рӯз идома ёфта, масъалаҳои муттаҳидкунӣ ва фаъолсозии технологияҳои муҳандисӣ ва шиносоӣ бо барномаҳои аккредитатсия, баррасии ҷараёни сертификатсиякунонии ихтисосҳои муҳандисӣ, таъсиси шабакаи байналмиллалӣ барои агретатсия ва ихтисосҳои муҳандисӣ, таҳлили барномаҳои муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коркарди усул ва платформаи ягонаи омӯзишӣ дар ин самт, инчунин омӯзиши таҷрибаи кишварҳои Осиё ва кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором дар мавриди пайвасти илм бо истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ф.Музофирова




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво