28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ дар Душанбе Ниммарафони ХII байналмилалӣ баргузор мешавад

188
Пагоҳ дар Душанбе Ниммарафони ХII байналмилалӣ баргузор мешавад Пагоҳ 16 апрел, бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе соати 09:00-и 16 апрел оғоз гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон ширкат мекунанд.

Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 инҷониб дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад. Он соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Имсол низ барои иштирок дар ин мусобиқа варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дӯсту ҳамкор даъват шудаанд. Ҳамчунин имсол наврасон низ имкони иштирок дар мусобиқаро доранд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи 5 км ва 12-15-сола дар масофаи 8 км сабқат мекунанд.

Фонди ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446160 сомониро ташкил медиҳад. 6-гонаи аввал ҳам миёни мардҳо, ҳам миёни бонувон бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегардад:

Ҷои 1: 54 600 сомонӣ
Ҷои 2: 46 800 сомонӣ
Ҷои 3: 39 000 сомонӣ
Ҷои 4: 31 200 сомонӣ
Ҷои 5: 28 080 сомонӣ
Ҷои 6: 23 400 сомонӣ

АКС аз АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво