19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ «Сомон-Кишоварз»-ро ба истифода доданд

91
Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов Корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон-Кишоварз”-ро ба истифода доданд.

Корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Илҳом Бобоҷонов бо мақсади таъмини корхонаву коргоҳҳои чорводорию парандапарварӣ бо хӯроки омехтаи тайёр таьсис дода шудааст.

Барои бунёду таъмини таҷҳизоти технологӣ 6,5 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкати бонуфузи “ДОЗ-Агро”-и шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия харидорӣ ва насб карда шудаанд.

Таҷҳизоти технологӣ муосир буда, мутобиқ ба технологияҳо истеҳсоли хӯроки чорвою паранда дар якчанд марҳила, аз ҷумла коркарди буғӣ, фишоркунӣ майдакунӣ ва бандубаст сурат мегирад. Коргоҳ иқтидор дорад дар як шабонарӯз аз 60 то 100 тонна хӯроки омехтаи чорво ва паранда истеҳсол намояд.

Барои истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда ашёи хоми гандум, ҷав, ҷуворимакка, кунҷораи офтобпараст, намак, 4 намуди витаминҳо, равған ва ғайра, ки барои афзоишу солимии чорво заруранд, истифода мешавад.

Хӯроки омехта асосан ба корхонаю ҷамъиятҳои чорводорию парандапарварии вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Арзиши маҳсулоти истеҳсоли худӣ нисбат ба маҳсулоти аз берун воридшаванда арзон аст. Дар асоси маълумоти пешниҳодшуда захираҳои ашёи хом барои давраҳои муайян мавҷуданд ва иқтидори захиравӣ 8 ҳазор тонна ашёи хом мебошад.

Соҳибкорон дар оянда нақша доранд, ки бо бунёди боз 6 чунин иншооти захиравӣ ҳар кадоме бо иқтидори 500-тоннагӣ ҳаҷми захираи ашёи хомро зиёд намуда, иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам афзун намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ин нахустин корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво аст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво