19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд

214
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд 13 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирони корҳои хориҷӣ ҳодисаи 12 апрел дар маҳали Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон рухдодаро, ки дар натиҷаи он талафот низ ба амал омад, баррасӣ карданд. С. Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум намуда, тақозо кард, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтиши воқеӣ бурда шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд

Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон табодули афкор намуда, омодагиҳо ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки 13 май дар Душанбе баргузор мешавад ва ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки робитаи доимӣ дошта бошанд.

АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво