29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома доранд

827
Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома доранд
Дирӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа тантанаҳои наврӯзӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардида, дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо барномаи театрикунонидаи наврӯзӣ идома ёфт.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа зимни сухани табрикӣ омадани Наврӯзи ҳуҷастапайро барои мардуми вилоят муборакбод гуфтанд.
Раиси вилоят,аз ҷумла зикр кард, ки «ягон анъанаи наврӯзӣ аз ибтидои пайдоиш то кунун арзиши ахлоқӣ, фалсафӣ ва башардӯстиашро гум накардааст, баръакс бо мурури замон ин арзишҳо бо назардошти воқеияти пуртаззоди зиндагии мардумон ва кишварҳои мухталифи дунё, мухолифатҳову муноқишаҳо, ҳикмати муҳими гиромӣ доштани ҳаётро дар сайёраи Замин таҷассум мекунанд».
Барномаи пурмуҳтавои идонаро, ки ифодагари суннату ойинҳои наврӯзӣ, сулҳу баҳамоӣ, дӯстию рафоқат, оростани дастурхону оғози кишту кори баҳорӣ ва дигар рамзҳои ин ҷашни бостонӣ буд, беш аз 10 ҳазор нафар дар варзишгоҳ тамошо карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво