20 июн 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни ширкатҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғд ва Липетск 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

144
Миёни ширкатҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғд ва Липетск 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид12 апрел маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Липетски Федератсияи Русия баргузор гардида, дар маҷмӯъ 17 созишнома ба имзо расонида шуд, хабар доданд дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов доир гардид. Ҷонибҳо оид ба содироти меваю сабзавот ва хушкмева, ташкили сафари аҳли фарҳангу маданияти вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ба роҳ мондани саёҳати сокинони вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ташкили «Хонаи савдо»-и вилояти Суғд дар вилояти Липетск ва ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ҳамзамон миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск, ширкатҳои «Нуртекс» ва «Маркази содиротии вилояти Липетск», «Оби Зулол» ва «Маркази содиротии вилояти Липетск», «Само» ва «ИнтерЭкоТехнологии», Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва «ЛипетскКомплексСтрой», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Хорои Хуҷанд», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Нуртекс», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Силкоат Бойя», «Евро Агро» ва филиали «Хантана Канада Инк» дар вилояти Суғд, «Евро Агро» ва «Сомон кристалл» созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво