26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Озарбойҷон хостори тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон аст

159
Озарбойҷон хостори тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон астТоҷикистон ва Озарбойҷон ба тавофуқ расиданд, ки барои рушди устувори ҳамкории минбаъда дар соҳаи сайёҳӣ санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва ба имзо расонанд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки масъалаи тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Чумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зикр шуд, ки таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодир ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ маҳсуб шуда, рушди соҳаи сайёҳӣ дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Ҷониби Озарбойҷон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор дошта, зикр намуд, ки баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво