29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶОМИ ОСИЁ-2022. Имрӯз дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон миёни ҳам бозӣ мекунанд

190
ҶОМИ ОСИЁ-2022. Имрӯз дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон миёни ҳам бозӣ мекунандИмрӯз, 12 апрел дар шаҳри Бишкек бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Баъди ду даври мусобиқа дастаи мунтахаби Узбекистон шаш имтиёз, дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор имтиёз доранд. Бозии дастаҳои мунтахаби Узбекистону Тоҷикистон соати 10:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар шаҳри Бишкек дастаи мунтахаби Непалро бо ҳисоби калони 11:1 шикаст дод. Аз ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров се гол ё хет-трик анҷом дод. Идрис Ёров, Умед Кузиев, Шавкат Ҳалимов ва Самандар Ризомов дутӯбӣ ба нишон расониданд.

АКС: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво