20 июн 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Русия ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро вусъат мебахшанд

163
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Русия ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро вусъат мебахшанд Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаи ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида мешавад. Чунин зикр гардид зимни мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Русия, ки бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов дар вилояти Суғд қарор дорад.

Тавре котиби матбуоти Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ин ҳайат 10 апрел ба вилояти Суғд омад.

Дар мулоқоти васеи ҷонибҳо, ки дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, ҳарду тараф хостори тақвияти ҳамкорӣ ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот шуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки вилояти Суғд дорои имконияти зиёд буда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръат ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Доираҳои тиҷоратии ҳарду вилоят метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом кунанд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд. Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардидаву коркард мешавад ва содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.

Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Русия ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро вусъат мебахшанд


Анатолий Голтсов бо қаноатмандӣ аз истиқболи самимӣ аз густариши робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори хушнудӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки вилояти Липетск ба афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омода аст ва ба меваю сабзавоти Тоҷикистон дар Русия талабот мавҷуд аст.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск якчанд созишномаи ҳамкорӣ мавҷуд буда, дар доираи ин санадҳо минбаъд ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тавсеа бахшида мешавад.

Сипас, ҳайати меҳмонон дар Боғи миллии «Ваҳдат» аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид карданд. Ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои кишоварзиву саноат, истеҳсоли маҳсулот ва имконияти содирот ба Федератсияи Русия маълумот дода шуд.

Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Липетски Русия ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро вусъат мебахшанд


АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво