Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи Аҷам ва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 13 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба истифода дода мешаванд. Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи меъмории ноҳия, бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо дар ҷамоати шаҳраки Сомониён иборат аз 120 хона, бинои 8-ошёна бо маркази савдо дар ҷамоати деҳоти Россия иборат аз 44 хона, бинои истиқоматии 5- ошёна дар ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ иборат аз 40 хона, бинои истиқоматии 6-ошёна дар ҷамоати деҳоти Чимтеппа ва бинои истиқоматии баландошёна дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон, ки аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст, дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иброз намуданд, ки зимни бунёди ин иншоот зиёда аз 500 нафар сокинони ноҳия ва ҷумҳурӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.