20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон машварати минтақавӣ доир гардид

154
Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон машварати минтақавӣ доир гардидДар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба қонунгузории меҳнат, муколамаи иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва таҷрибаи фаъолияти ФИКМТ ба тариқи маҷозӣ машварати минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад

Дар баробари намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) коршиносони Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ), Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон (ФИКУ), Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон (ФИКҚ) низ дар он иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳии машварат сардори шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бюрои фаъолияти коргарони СБМ-АКТРАВ Сергейус Гловатскас, муовини якуми раиси ФИКМТ Исмоил Файзизода, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Бахтиёр Маҳмадалиев ва муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Гулнора Ҷумагелдиева сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни нишаст мудири шуъбаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, равобити ҷомеа ва равобити байналмилалии ФММТ Ҷамшед Юнусов дар мавзӯи “Муколамаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии ҷалби корфармоён ба шарикии иҷтимоӣ”, мудири шуъбаи ҳуқуқи ФНПТ Иброҳим Саидзода дар мавзӯи «Қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳуқуқу манфиатҳои кормандон», сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати ММФТ Акобир Қурбонов дар мавзӯи дар мавзӯи «Ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат, ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнат дар ташкилоту корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият»; коршиноси СБМ Дорин Суручяну «Таҷрибаи Молдова дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии муҳоҷирон» ва дигарон маърӯза карданд.

АКС: ФИКМТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво