4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Наврӯз дар Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 20 март фаро мерасад

949
Наврӯз дар Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 20 март фаро мерасад
Наврӯз ё соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи душанбеи 20 март фаро мерасад. Дар ин бора аз Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре аз ин пажӯҳишгоҳ иттилоъ доданд, Наврӯз дар Тоҷикистон соати 15:29-и рӯзи 20 март фаро мерасад ва дар ҳамин вақт шабу рӯз баробар мешаванд.
Бо назардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан дуюним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, ки се рӯз қабл аз фарорасии Наврӯз соли нави деҳқонӣ оғоз мешавад ва кишту кори баҳорӣ бо дуои кишоварзон дар саҳро шурӯъ мегардад.
Тавре аз Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, бо поёни соли нави деҳқонӣ соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз вориди Тоҷикистон мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво