Тоҷикистон дар Женева оид ба конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023 ба созмонҳои байналмилалӣ маълумот пешниҳод намуд
146
Дар Женева 7 апрел бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нишасти мазкур бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ, дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, Намояндагии доимии Подшоҳии Нидерланд дар СММ ва бо дастгирии Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO), Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва СММ-Об ташкил карда шудааст. Дар чаҳорчӯби он Намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидов ва роҳбари котиботи Конфронс Султон Раҳимзода сухан гуфтанд. Зимни суханронии худ Ҷ. Ҳомидов зарурати ҳамкории кишварҳои ҷаҳонро дар соҳаи пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ-2023 дар бораи Конфронси дуюми Душанбе маълумот пешкаш кард. АКСҲО: ВКХ ҶТ
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |