24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар майдони 482 гектар кишти баҳории картошка мегузаронанд

187
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар майдони 482 гектар кишти баҳории картошка мегузаронандДар мавсими кишту кори имсола кишоварзони шаҳри Ҳисор азм доранд, ки тибқи нақша дар майдони 482 гектар кишти баҳории картошка гузаронанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

То 6 апрел дар 366,5 гектар майдони хоҷагиҳои кишоварзӣ картошка кишт гардидааст, ки 76 фоизро ташкил медиҳад.

Дар сари вақт гузаронидани кишти картошка саҳми хоҷагиҳои кишоварзии ба номи Латиф Муродов, Ҳайдар Миров, «Зотпарвар», «50-солагии Октябр», «Сумбула», «Зарнисор», «Зироаткорӣ» ва ҷамоатҳои деҳоти Навобод, Деқонобод ва шаҳраки Шарора калон мебошад.


Деҳқонони ин хоҷагиҳои кишоварзӣ кишти картошкаро пурра ба анҷом расонида, баҳри рӯёнидани ҳосили дилхоҳ бо риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ, нармкунӣ, обмонию ғизодиҳӣ ва пешгирии бемориҳо бо усулҳои самарабахшу камхарҷ аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Кишти картошка дар дигар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва ёрирасони шаҳри Ҳисор идома дошта, рӯзҳои наздик ҷамъбаст мешавад.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво