26 май 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнон тарабхонаи замонавӣ ба истифода дода мешавад

142
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнон тарабхонаи замонавӣ ба истифода дода мешавадДар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вужи Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррухшо Мирзоҷалолов тарабхона бунёд гардида истодааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.

7 апрел зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Вер раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аз ҷараёни бунёди тарабхонаи мазкур дидан намуд.

Бинои мазкур дар зарфи се сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда, аз 2 ошёна, таҳхона, ошхона ва тарабхона иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Мутобиқи нақша, бинои тарабхона пас аз як моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дохили толори тарабхонаи навбунёд бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, санъати баланди меъмории миллиро ба меҳмонон, хосса сайёҳон муаррифӣ менамояд.

Бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам меорад, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад.

АКС: МИҲД-и н.Шуғнон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво