Ба хабарнигорони воситаҳои ахбори ВМКБ ба шарафи Рӯзи матбуот ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карданд
1019
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд. Дар мулоқот бо хабарнигорон муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекзода аз нақши матбуот дар зиндагӣ ва рӯзгори мардум ҳарф зада, гуфт, ки «матбуот ҳамчун пул миёни мардум ва ҳокимияти давлатӣ хизмат мекунад. Ҳар мушкиле, ки барои сокинони вилоят пеш меояд, ба кормандони воситаҳои ахбори омма муроҷиат мекунанд ва онҳо ҳукумати маҳаллиро аз ин мушкил огоҳ месозанд. Ман боварӣ дорам, ки ин рисолати худро ВАО минбаъд низ сарбаландона иҷро хоҳанд кард. Касби хабарнигорӣ аз шахс масъулияти бузург талаб мекунад ва ҳар касе агар ин касбро интихоб мекунад, бояд аз ҳар ҷиҳат донову забондону забоншиносу ҷаҳонбинияш васеъ бошад. Баръакси ҳол дар шуғли худ муваффақ намегардад». Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд. Айни ҳол теъдоди зиёди нашрияҳои чопӣ, телевизиону радиоҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъол буда, барои огоҳ намудани ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз мавҷудияти воситаҳои ахбори омма имкон медиҳад, ки ҷомеа ба ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намоянд. Муовини раиси вилоят ба як гурӯҳ хабарнигорони рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», рӯзномаҳои шаҳрӣ, навоҳии ВМКБ ва собиқадорони соҳаи рӯзноманигорӣ Ифтихорномаи раиси вилоят ва мукофоти пулӣ тақдим кард.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |