20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Сертификати беҳтарин гурӯҳи татбиқи лоиҳаи БОР тақдим гардид

172
5 апрел дар Душанбе вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сардори шуъбаи идораи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) Родора Консепсиён баргузор шуд, ки зимни он масъалаи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» баррасӣ гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд, зимни вохӯрӣ аз ҷониби Родора Консепсиён ба Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода барои бомуваффақият татбиқ ва анҷом додани лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» Сертификати беҳтарин гурӯҳи татбиқи лоиҳаи БОР тақдим гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ А. Абдураҳмонзода ба намояндаи БОР марҳилаи дуюми лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ»-ро барои маблағгузорӣ шудан аз ҷониби БОР пешниҳод намуд. Намояндаи БОР пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт, ки масъалаи мазкурро барои баррасӣ ба БОР пешниҳод менамояд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2020 «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман ба фаъолият оғоз намуд.

Равзанаи ягона дар доираи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» таъсис ёфта, ба он 11 мақомоти дахлдори давлатӣ шомил мебошанд.

То моҳи апрели соли 2022 дар ин низом зиёда аз 2000 истифодабарандагон ба қайд гирифта шуда, 70 298 адад дархост ворид гардидааст, ки аз ин шумора 60 992 адад ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ пешниҳод шудаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво