10 март ба муносибати 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 25 нафар рӯзноманигорону собиқадорони матбуот ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни табрики ҳозирин бо 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик гуфт, ки «маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар кишварамон намояндагони рӯзномаҳои давлатию хусусӣ дар шароити хубу фазои озод фаъолият мекунанд. Ин равандро мо дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳия низ баръало ҳис менамоем».
Мавсуф оид ба эътимоди комил доштани мардум ба рӯзномаву расонаҳои чопӣ баён дошт, ки «матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум ба шумор рафта, пешбурди ҷомеаи имрӯза бе он имконнопазир аст. Зеро нашру ривоҷи муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми соҳаҳо, чӣ бурунмарзиву чӣ хориҷӣ, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад».
Дар ҷамъомад аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳамкории қавӣ ба рӯзноманигорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.