29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди АБ ИДМ баргузор шуд

167
Ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди АБ ИДМ баргузор шудИмрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ тарҳи таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои узви ИДМ баррасӣ гардид. Лоиҳаи мазкур муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро, ки дар доираи ИДМ баста шудаанд, амалӣ намуда, ба рушди минбаъдаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла муносибатҳои марбут ба ҳуқуқи муаллиф ва гирифтани патент нигаронида шудааст. Илова бар ин, аъзои Шӯрои коршиносон лоиҳаи қонунҳои намунавии «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», инчунин лоиҳаи тавсияҳо оид ба муносибатҳои ҳамоҳангшуда, ташаккул додани системаи таълими муосири фармасевтиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иштирокчиёни ҷаласа аз кишварҳои узви ИДМ ҳамчунин масъалаҳо оид ба таҳияи лоиҳаи нақшаи дарозмуддати таҳияи қонунгузории намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025 дар соҳаи илм ва маориф, муҳокимаи чорабиниҳои барои соли ҷорӣ ба нақша гирифташуда бо иштироки аъзои коршиносонро мавриди омӯзиш қарор доданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво