19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Фархор бо ҷараёни корҳои сохтмонии як зумра иншооти бунёдшаванда шинос шуд

169
4 апрел дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо гурӯҳи ҳамроҳонаш ба ноҳияи Фархор рафта, бо лоиҳа ва оғози корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти «Фархор» ва «Ватан» шинос шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари сохтмони биноҳои мазкур Филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, онҳо соли 2024 ба истифода дода мешаванд.

Сарвазири мамлакат инчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии №66-и деҳаи Уртабуз аз наздик шинос шуд. Муассисаи мазкур тибқи лоиҳаи иншоот аз сехи дӯзандагӣ, ошхона, 20 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 480 ҷойи нишаст дар як баст, толори маҷлисгузаронӣ, китобхона ва утоқҳои корӣ иборат гардидааст.

Қоҳир Расулзода бо корҳои таҷдиду барқарорсозии дастгоҳҳою пойгоҳҳои обкашии мавзеи Уртабӯз, ки аз рӯи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ”-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, инчунин бо ҷараёни сохтмони 10 адад синфхонаҳои иловагии МТМУ №28 дар ҳудуди деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти Гулшан барои 320 хонанда дар як баст шиносоӣ пайдо кард.


Айни замон дар мактаби мазкур корҳои пӯшонидани боми бино дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар рӯзҳои наздик насби дару тирезаҳо оғоз карда мешавад.

Гуфта шуд, ки тибқи лоиҳа иншоот аз ду ошёна иборат буда, мактаб дорои 14 адад синфхонаҳо барои 320 ҷойи нишаст дар як баст буда, дар он инчунин толори варзишӣ, китобхона, ошхона ва синфхонаҳои фаннӣ сохта мешаванд. Тибқи нақша сохтмони он соли 2023 анҷом меёбад.

Дар ҷараёни боздид аз корҳои сохтмонии иншооти зикршуда Сарвазири мамлакат ба сохтмончиёну пудратчиён барои босифату ба талабот ҷавобгӯ ва дар вақти муайянгардида ба истифода додани биноҳои мазкур маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Ёдовар мешавем, ки 4 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни кишти баҳории зироати кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншооти сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво