Маҳмадшариф Бобошозода: «Ҳадафи асосии матбуоти давлативу мустақил софдилона ба манфиати халқу кишвари худ хизмат кардан аст»
848
Дирӯз, 10 марти соли равон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ин маросим намояндагони тамоми ВАО-и кишвар иштирок намуданд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадшариф Бобошозода зикр намуд, ки нақши ВАО дар пешрафт ва рушди ҷомеа хеле бузург аст. «Таҷрибаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки телевизиону радио ва матбуот ҳамчун воситаи асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат кунанд. Журналистон дар ҷомеаи журналистии кишвар дар инъикоси муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим доранд. Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт: матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият мекунанд. Ҳадафи асосии матбуоти давлативу мустақил вазифаи касбии ҳудро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу кишвари худ иҷро кардан аст»,- гуфт Маҳмадшариф Бобошозода. Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов баён намуд, ки он орзую омоле, ки дастандаркорони «Бухорои шариф» доштанд, имрӯз амалӣ гардид. Миллати тоҷик ба истиқлолият расид ва дар замони соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи воситаҳои ахбори омма даст ёфт. «Заминаҳои ҳуқуқӣ барои ташаккули ВАО фароҳам оварда шуданд. Имрӯз озодии баён, гуногунандешии ВАО таъмин гаштааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамаи инро барои мо санади олии ҳуқуқии кишвар- Конститутсия кафолат додааст»,- таъкид намуд Сангин Гулов. Дар ҳамоиш 9 нафар устодони соҳаи журналистика барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуданд. Ҳамчунин рӯзноманигорони фаъол соҳиби нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Аълочии ифтихории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Кормандони АМИТ «Ховар» ва радиои «Ховар» бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |