12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Файзобод озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд

911
Дар Файзобод  озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шудДирӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи Модар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Дар озмуни мазкур нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳия дар ин чорабинии фарҳангӣ ҳамаи модарони ноҳияро бо иди саид табрик намуда, барояшон хушбахтии зиндагӣ ва зиндагии орому саодатманд таманно намуда, ба бонувони фаъол ва ғолибони озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво