«Somon Air» парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе- Деҳлӣ- Душанбе барқарор менамояд![]() ![]() Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе — соати 21:30, аз Деҳлӣ — 02:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Мусофирони пурра ваксинатсияшуда ҳангоми бақайдгирии чипта метавонанд танҳо сертификати ваксинатсияи пурраро бо забони англисӣ пешниҳод намоянд. Нафароне, ки қисман аз ваксинатсия гузаштаанд ва ё умуман ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд. Илова бар ин, мусофирони ба Деҳлӣ сафардошта бояд худро дар сомонаи Air Suvidha https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration сабти ном кунанд. Мусофирони ба қаламрави Тоҷикистон воридшаванда бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд. Маълумоти бештар ва чиптаи хатсайри мазкурро аз сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши чиптаи ширкати ҳавопаймоӣ дастрас кардан мумкин аст. АКС: АМИТ «Ховар».
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |