7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод дар соли 2023 муаррифӣ шуд

246
1 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳову ноҳияи мазкур дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муаррифӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён зикр кард, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини пешрафти иқтисоди кишвар мебошад.

Инчунин зикр гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар ин раванд аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳри Роғун Р. Файззода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Н.Ғаюрзода ва муовини раиси ноҳияи Файзобод Н.Маҳмадзода дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида баргузории муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар моҳи апрел анҷом дода мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво