ФУТБОЛ. Пагоҳ Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад![]() ![]() Дар Чемпионати 31-уми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ даҳ дастаи Лигаи олӣ – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, КМВА-и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод иштирок мекунанд. Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба Лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи чемпионати Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад. Тибқи тақвим, бозиҳои даври аввали чемпионати Тоҷикистон 2-3 апрели соли равон баргузор мешаванд. Чемпионати Тоҷикистон -2022 Лигаи олӣ. Даври 1-ум 2-юми апрел (шанбе) «Файзканд» — «Истаравшан», 17:00 «Регар-ТадАЗ» — «Равшан» (Зафаробод), 17:00 Бозии «Истиқлол» — КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд. 3-юми апрел (якшанбе) «Эсхата» — «Хуҷанд», 17:00 «Хатлон» — «Равшан» (Кӯлоб), 17:00 АКС: ФФТ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |