29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маликшо Неъматзода бо Қудратилло Рафиқов ва Сергеус Гловатскас барои ҳамкории минбаъда суҳбати телефонӣ анҷом дод

223
Маликшо Неъматзода бо Қудратилло Рафиқов ва Сергеус Гловатскас барои ҳамкории минбаъда суҳбати телефонӣ анҷом додИмрӯз раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) Маликшо Неъматзода бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Узбекистон Қудратилло Рафиқов ва мудири бахши кор бо меҳнаткашони Бюрои ташкилоти байналмилалии меҳнат (МОТ) оид ба Аврупо ва Осиёи марказӣ Сергеус Гловатскас суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ФИКМТ хабар доданд.

Зимни суҳбат ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон миёни федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистону Узбекистон мемореандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкорӣ табодули назар карда, ҷиҳати вусъати ҳамкории минбаъда омодагии комилашонро изҳор доштанд.

Суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ ҷараён гирифт.

Маликшо Неъматзода бо Қудратилло Рафиқов ва Сергеус Гловатскас барои ҳамкории минбаъда суҳбати телефонӣ анҷом дод


Акс: ФИКМТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво