18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нақши занон дар таҳким ва рушди ҷомеа назаррас аст

2144
Имрӯз дар ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони азиз нақши занон бағоят муҳим буда, онҳо дар тамоми сохторҳои идоракунии давлатӣ фаъолият карда истодаанд. Бо ин мақсад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», инчунин Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 аз ин ҷумла аст.
Барои дар амал татбиқ намудани ин санадҳои муҳими давлатӣ, дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад.Имрӯз бонувон дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, махсусан дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ғайраҳо фаъолият менамоянд, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизашро занон ташкил медиҳанд.
Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат имтиёзҳо, тавассути он ба мисли квота муқарар гардидаанд, ки ҷавондухтарон метавонанд ба таври ройгон таҳсил намоянд. Ин буд, ки дар даврони истиқлолият зиёда аз ёздаҳ ҳазор нафар духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм кардаанд, беш аз 80 фоизи он дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва беш аз 25 фоизи онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд. Ҳамин иқдом боис шуд, ки ҳазорҳо нафар бонувони мо ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан-модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама вақт неруе боқӣ мемонад, ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ дорад.
Агар дар оғози даврони истиқлолият шумораи занони соҳибкор ҳамагӣ 64 -нафарро ташкил карда бошад, имрӯз шумораи занону духтарони роҳбар дар корхонаҳои хурду миёна ба 2220 нафар расидааст. Имрӯз 126 ҳазор нафар занону духтарон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд. Танҳо соли 2014 аз тарафи бонкҳои кишвар ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ба занони соҳибкор қариб дуюним миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ин ҳама нишонаи дастгирии занону духтарон буда, аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат ба онҳо дарак медиҳад.
Имрӯз дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон фаъолият доранд, ки зиёда аз 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
Заҳмати софдилонаи занон ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат қадршиносӣ гардида, дар муддати панҷ соли охир 500 нафар ва танҳо соли гузашта 75 нафар занону духтарон соҳиби мукофотҳои олии давлатӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин санадҳо барои фаъолияти занону бонувон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд. Вобаста ба ин, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо», инчунин таъсиси грантҳои Президенти кишвар барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ барои солҳои 2016 — 2020 ба Ҳукумат пешниҳод менамояд. Ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳо мо занонро водор месозад, ки боз ҳам бо масъулият бошем ва баҳри бунёди оилаи солим ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа саҳмгузор бошем.



Зарнигор ҲИММАТОВА,
омӯзгор оид ба тарбияи факултети молия ва қарзи
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво