18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд

190
Тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд30 март дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Маҷлиси шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Иброҳим Оли Шайх баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла дурнамои тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ 22 феврали соли 1992 барқарор гардидаанд. Подшоҳии Арабистони Саудӣ 11 январи соли 1992 Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз — пойтахти Шоҳигарии Саудӣ сентябри соли 2008 кушода шуд. Сафорати Шоҳигарии Саудӣ дар Душанбе соли 2010 ифтитоҳ ёфт.

24-26 майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.

Аз лиҳози густаришу тавсеаи ҳамкорӣ таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкорон ҳамчун абзори ҳамоҳангсози ҳамкории бахши хусусии ду кишвар таъсис ёфт.

Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳими тақвияти ҳамкорӣ ба ҳисоб мераванд.

АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво