19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Завқӣ Завқизода: Рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад

137
Завқӣ Завқизода: Рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ афзалияти аввалиндараҷа дорадБо мақсади таъмин намудани намояндагиҳои дипломатӣ бо маълумоти мунтазам, инчунин муаррифии беҳтари имконияти тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон 30 март мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни баргузории видеоконфронс З. Завқизода иброз намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Зимнан Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди кишвар, натиҷаҳои рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 тасдиқ гардидааст, тариқи рӯнамо муаррифӣ намуд.

Завқӣ Завқизода: Рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад


Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои пайгирӣ ва рушди ҳамкории минбаъда таклифҳои мушаххас манзур карда, ба саволҳои сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ посухҳои дахлдор дод.

АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво