25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

8 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022» иштирок мекунанд

139
8 паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022» иштирок мекунандАз 1 то 3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия Мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо- «Antalya Grand Slam 2022» баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур иштироки 535 варзишгар (319 мард, 216 зан) аз 65 давлати дунё дар назар аст. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби гӯштини дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат мекунад:

-60кг – Меҳрзод СӮФИЕВ
-66кг – Абубакр ШЕРОВ
-66кг – Шаҳбоз САИДАБРОРОВ
-73кг – Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90кг – Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-100кг – Абубакри АКОБИР
+100кг – Темур РАҲИМОВ

Мавриди зикр аст, ки қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегиранд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ низ қадрдонӣ мегарданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Tel Aviv Grand Slam 2022», ки 17-19 феврали соли 2022 дар пойтахти Исроил баргузор шуда буд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамчунин паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳи Устопириён дар аввалин мусобиқаи дзюдои соли 2022 – «Grand Prix Portugal 2022» сазовори медали биринҷӣ шуда буд.

АКС: КМО Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво