24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

МО БА ХИЗМАТ МЕРАВЕМ! Дар Хоруғ бо донишҷӯёну ҷавонони синни даъватӣ мулоқот доир шуд

95
МО БА ХИЗМАТ МЕРАВЕМ! Дар Хоруғ бо донишҷӯёну ҷавонони синни даъватӣ мулоқот доир шудДар арафаи оғози маъракаи муҳими сиёсӣ — даъвати баҳорӣ имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо донишҷӯёну ҷавонони синни даъватӣ мулоқоти судманд доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДХ.

Дар вохӯрӣ муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода, Нилуфар Асламшоева, комиссари ҳарбии ВМКБ Ҳамроз Хушдилзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Юсуф Асадбеков ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ҳоло теъдоди зиёди ҷавонони вилоят ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда, омодагии худро баҳри хизмат ба Ватан – Модар изҳор медоранд. Ташхиси тиббии ҷавонони вилоят дар комиссариатҳо дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, насли ояндасози неруманд ва солим мактаби мардонагию шуҷоат, яъне хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо хоҳанд кард.

Тавре маълум гардид, ҳоло шумораи ҷавононе, ки бо хоҳиши худ барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ дар комиссариатҳои шаҳру навоҳии вилоят аз қайд гузаштаанд, қариб 97 фисади нақшаи даъватро ташкил медиҳад.

МО БА ХИЗМАТ МЕРАВЕМ! Дар Хоруғ бо донишҷӯёну ҷавонони синни даъватӣ мулоқот доир шуд


Дар ҷараёни вохӯрӣ маъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарияти комиссариати ҳарбӣ ба пурсишҳои сершумори ҷавонони синни даъватӣ ҷавоб дода, онҳоро бо имконоту шароити хизмати ҳарбӣ, таҳсилу бозомӯзӣ, фаъолият баъди адои хизмат ва дигар бартариҳои он шинос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 инҷониб ВМКБ дар ҳамаи маъракаҳои даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар кишвар аввалин шуда, аз иҷрои нақша мужда мерасонад.

АКСҲО: ДДХ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво