28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ дар Ҳисор 204 кӯдаки бепарастор хатнасур ва 9 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

236
Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ дар Ҳисор 204 кӯдаки бепарастор хатнасур ва 9 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд Дар пайрави аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Ҳисор бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва бо дастгирии саҳибкорон ва шахсони саховатпеша хатнасури 204 нафар кӯдакони бесаробон ва ниёзманд доир карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, Файзулло Баротзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва дигар шахсони расмӣ ба 69 нафар ятимони кулл туҳфаҳои моддӣ ва дучарха тақдим карда шуданд.

Иқдоми мазкур дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор, Шарора, Мирзо Ризо, Мирзо Турсунзода, Дурбат, Деҳқонобод, Ориён, Алмосӣ, Хонақоҳи кӯҳӣ, Сомон, Навобод, Қалъаи Ҳисор ба анъанаи нек табдил ёфта, дар рӯзҳои таҷлили иди байналмилалии Наврӯз дар баробари баргузор намудани хатнасури кӯдакони бесаробон ва ниёзманд, инчунин ба табақаҳои эҳтиёҷманд маводи ғизоӣ расонида шуд.

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ дар Ҳисор 204 кӯдаки бепарастор хатнасур ва 9 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд


Дар маҷмӯъ, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар шаҳри Ҳисор хатнасури 204 нафар кӯдакони бесаробон ва ниёзманд гузаронида шуда, ба 69 нафар ятими кулл туҳфаи моддӣ ва ба 273 нафар дучархаю либосҳои идона тақдим карда шуданд.

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ дар Ҳисор 204 кӯдаки бепарастор хатнасур ва 9 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудандҲамзамон дар ин рӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки роҳбарияти МИҲД-и шаҳри Ҳисор ва КИ ҲХДТ дар шаҳр иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ба бунёди аввалин иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлолият–бинои мактаби нав барои 320 хонанда оғози расмӣ бахшида, дар деҳаи Баракати ҳамин ҷамоат бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунгоҳ бо дастгирии мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби аҳолӣ бо усули ҳашар бунёд шуда, дар он чор нафар занону духтарон бо кор таъмин шуданд.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Ачам дар деҳаи Обигармии Ҷамоати деҳоти Навобод 4 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ№88, майдончаи варзишӣ дар назди МТМУ №13-и деҳаи Турдибобои Ҷамоати деҳоти Дурбат, мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва сару либос дар маҳаллаи Ҷомӣ ва ҳаммоми замонавӣ дар маҳаллаи Матонати шаҳраки Шарора, 3 мағоза дар деҳаҳои Сурхакчашма, Ноҷии Боло, Ҷалолободи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ҳафттеппаи Ҷамоати деҳоти Ориён, дар умум 9 иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамзамон рӯзҳои баргузории ҷашни Наврӯз роҳбарияти шаҳр, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо собиқадорони меҳнат, беморону маъюбонро аёдат намуда, бо шароити зисташон шинос шуданд. Инчунин ба онҳо аробачаҳои маъюбӣ ва маводи хӯрокворӣ дастрас намуда, ба қисме аз онҳо якҷо бо ятимони кулл маблағҳои пулӣ кумак расониданд.



АКСҲО: КИ ҲХДТ дар ш. Ҳисор




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво