23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ширкат намуд

160
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ширкат намудДар ҷаласаи 24-уми Мақоми ёрирасон оид ба масъалаҳои илмӣ-техникӣ ва технологӣ (SBSTTA-24), ҷаласаҳои 3-юми Мақоми ёрирасон оид ба татбиқи Конвенсия (SBI-3) ва Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-3), ки аз 14 то 29 март дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ намояндагӣ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар ҷаласаҳо масъалаҳои раванди мониторинг дар чаҳорчӯби иқдом пас аз соли 2020 барои ҳифзи гуногунии биологии баҳрӣ ва соҳилӣ, гуногунии биологӣ ва кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва саломатӣ ва намудҳои бегонаи инвазивӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокдорони ҷаласаҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба биологияи синтетикӣ, арзёбии хатарҳою идоракунии организмҳои тағйирдодаи генетикӣ ва барномаи кории Платформаи байниҳукуматии сиёсати илмӣ оид ба гуногунии биологӣ ва хадамоти экосистемавиро муҳокима намуданд.



АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво