26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷашни Наврӯз ва 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Белгия дар Брюссел таҷлил гардид

126
Ҷашни Наврӯз ва 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Белгия дар Брюссел таҷлил гардид26 март дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ҳамоиши ҳамватанони бурунмарзӣ ба ифтихори фарорасии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ва 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни ду кишвар баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода паҳлуҳои мухталифи ин ҷашни қадимтарини мардуми порсигӯ инъикос ёфт.

Фазои тарабангези ин иди миллии моро таронаҳои дилангези Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманди Хол ва рақсҳои зебои ҳозирин ҳамроҳ буд.
Ҷашни Наврӯз ва 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Белгия дар Брюссел таҷлил гардид
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия 29 апрели соли 1992 барқарор шудаанд.

Соли 2001 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел ифтитоҳ гардид, ки он ҳамзамон ҳамчун Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо фаъолият мекунад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода мебошад.

Сафорати Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон дар ш. Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анри Вантигем мебошад.

Густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Шоҳигарии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузори Иттиҳоди Аврупо ва мақарри ниҳодҳои асосии он барои Тоҷикистон аҳамият дорад.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат ба таври фаъол инкишоф ёфта истодааст.

Соли 2011 дар Брюссел Бизнес-клуби Белгия – Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он метавонад ҳамчун саҳнаи мусоид барои робитаҳои доимии судовар бо доираи соҳибкорони аврупоӣ ва муаррифии имконоти иқтисодиву сармоягузории мамлакат дар ҷомеаи тоҷирони белгиягӣ истифода шавад. Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Белгия мунтазам дар шаҳри Брюссел барпо мегардад.

Ҳашт аснод байни Тоҷикистон ва Белгия ба имзо расидаанд, ки пояи қарордодӣ-ҳуқуқии робитаҳои дуҷонибаро ташкил мекунанд.

12 октябри 2021 дар шаҳри Брюссел – пойтахти Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пазироии дӯстона ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Белгия изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таассуроти нек аз сафарҳои қаблӣ ба Подшоҳии Белгия, бахусус аввалин мулоқот бо Аълоҳазрат Подшоҳ Алберти II таъкид намуданд, ки Подшоҳии Белгия яке аз мамлакатҳои калидии қитъаи Аврупо, кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо мебошад.

Дар мавриди рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба соҳаҳои энергетика, бахшҳои мухталифи саноат ва ҷалби технологияҳои муосир ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои ояндадори шарикии ду кишвар номбар карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои робитаҳои кишварҳоро дар сатҳи минтақавӣ муҳокима карданд.

Бо пуштибонӣ аз иқдомҳои якдигар дар ҳалли масоили глобалии сайёра таъкид гардид, ки Тоҷикистон номзадии Белгияро барои ишғол кардани мақоми узви ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2020 ва Подшоҳии Белгия дар навбати худ ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар масоили глобалии об ва иқлим ҷонибдорӣ намуд.

Аз қабули барнома ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он табодули афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво