24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«МАН ТОҶИКИСТОНРО БИСЁР ДӮСТ МЕДОРАМ». Маҳина Хуҷаева дар озмуни «Бонуи Наврӯз-2022» дар Екатеринбург соҳиби шоҳҷоиза гардид

227
«МАН ТОҶИКИСТОНРО БИСЁР ДӮСТ МЕДОРАМ». Маҳина Хуҷаева дар озмуни «Бонуи Наврӯз-2022» дар Екатеринбург соҳиби шоҳҷоиза гардидДар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз, 19 март дар маркази маъмурии вилояти Свердловск ва чаҳорумин шаҳри бузурги Русия – Екатеринбург озмуни зебоии «Бонуи Наврӯз-2022» (Miss Navruz-2022) баргузор шуд. Зебосанамҳои миллатҳои бошқирд, тотор, қазоқ, озарбойҷонӣ, қирғиз, узбек, тоҷик ва чечен сару либос, таомҳо ва тамсилҳои мардуми худро муаррифӣ карданд. Шоҳҷоизаи озмуни «Бонуи Наврӯз-2022»-ро намояндаи Тоҷикистон Маҳина Хуҷаеваи 18-сола ба даст овард.

Ҳамкасбони мо аз агентии иттилоотии «Уральский меридиан» фаҳмиданд, ки вожаи «Маҳина» ба русӣ «Нежная» тарҷума мешавад. Онҳо баъди анҷоми мусобика бо ғолиб суҳбат оростанд.

«Ман дар Тоҷикистони офтобӣ ба дунё омадаам. Аз 13-солагӣ бо аҳли оилаам дар Екатеринбург зиндагӣ мекунам. Ҳоло донишҷӯи курси 1-уми Коллеҷи тиббии вилояти Свердловск ҳастам. Дар оянда духтури дандон мешавам. Ман Тоҷикистонро бисёр дӯст медорам. Вақте он ҷо ҳастӣ, дарк мекунӣ, ки миёни мардуми худ, ки туро мефаҳманд ва комилан қабул мекунанд, зиндагӣ менамоӣ. Мо анъанаҳои диёрамонро берун аз он низ дар ёд дорем. Дар оилаамон панҷ фарзандем ва аз ҳама калонӣ ман ҳастам. Дар хона дар Екатеринбург ҳама либоси миллӣ мепӯшем. Мо асосан хӯрокҳои хонагӣ, ки модарам омода мекунад, мехӯрем», — гуфт Маҳина ба хабарнигорони «Уральский меридиан».

— Маҳина, дар озмуни «Бонуи Наврӯз» Шумо бори аввал ширкат намудед? Кӣ шуморо барои иштирок даъват кард?

— Ман аллакай таҷрибаи иштирок дар чунин озмунҳои зебоиро дорам. Масалан, дар озмун барои гирифтани унвони «Зебосанами Бошқирдистон» қувваи худро озмудаам. Созмони ҷамъиятии вилояти Свердловск «Курултай башкир», ки бо Коллеҷи тиббии вилояти Свердловск ҳамкорӣ дорад, маро барои иштирок дар озмуни «Бонуи Наврӯз-2022» даъват кард.

— Дар озмун ба шумо лозим омад, ки марҳилаҳои зиёдеро тай кунед. Инҳо намоиши либосҳои миллӣ, донистани тамсилҳои шарқӣ, омода кардани таомҳои миллии идона ва роҳгардии бодабдаба мебошанд. Лутфан, бигӯед, ки ҳар марҳиларо чӣ тавр гузаштед?

«МАН ТОҶИКИСТОНРО БИСЁР ДӮСТ МЕДОРАМ». Маҳина Хуҷаева дар озмуни «Бонуи Наврӯз-2022» дар Екатеринбург соҳиби шоҳҷоиза гардид


— Барои бомуваффақият гузаштан аз мусобиқа ба худ боварӣ доштан, ба қобилияти худ бовар кардан зарур аст. Аз ин рӯ, ҳама марҳилаҳои озмун бароям осон буданд. Аз ҳама бештар иҷро кардани рақси миллӣ ба ман маъқул буд. Ҳангоми «нишон» додани «корти муаррифӣ» (худро шиносонидан) каме душворӣ кашидам, зеро дар бораи худ нақл кардан ҳамеша хиҷолатовар аст. Аммо ман ҳамаи инро паси сар кардам. Ҳамчунин дар назди ҳакамон саҳнаеро бо шоҳ бозидам, ки бори охир он дар чунин озмунҳо соли 2006 намоиш дода шуда буд.

«МАН ТОҶИКИСТОНРО БИСЁР ДӮСТ МЕДОРАМ». Маҳина Хуҷаева дар озмуни «Бонуи Наврӯз-2022» дар Екатеринбург соҳиби шоҳҷоиза гардид


— Бо шоҳ? Кадом тамсилро ҳикоят кардед?

— Ду зан назди шоҳи хирадманд Сулаймон омаданд. Ду зан ва як кӯдак. «Ин писари ман аст», — гуфт яке. — «Не, аз ман», — эътироз кард дигаре. Сулаймон гуфт: «Ман баҳси шуморо ҳал мекунам. Бигзор ҳар яки шумо аз дасти кӯдак гирифта, ба сӯи худ кашад. Касе, ки ғолиб ояд, кӯдакро мегирад. Яке аз занон ба хотири ду пора накардани кӯдак мегӯяд: «Бигзор кӯдак бо ӯ монад». Ва пас он Сулаймон фармуд, ки кӯдакро аз зане, ки ӯро сахт доштааст, бигиранд ва барои дурӯғгӯияш муҷозот кунанд ва ба оне бидиҳанд, ки худро модари воқеӣ нишон дод.

– Марҳилаи асосии озмун намоиши либоси миллӣ буд. Шумо бо либоси ватани худ баромад кардед?

— Бале, ман либоси миллиро, ки аз атлас дӯхта шуда буд, намоиш додам. Дар Тоҷикистон ҳар минтақа либоспӯшии хоси худро дорад. Масалан, дар ноҳияи мо — Ҳисор либоси аз атлас дӯхташуда мепӯшанд. Аз ороишҳо тоқӣ доштам. Агар дар бораи таом гап занем, пас ман палов пухтам. Ин яке аз маъмултарин таомҳои Тоҷикистон аст.


— Гирифтани Шоҳҷоиза чӣ гуна аст? Ҳангоми эълони натиҷа ва худи ҷоиза чӣ эҳсосот доштед?

— Ростӣ, аз он ки насабамро охирон эълон карданд, худро каме бад хис кардам. Гумон кардам, ки тамом, ҷоеро ишғол накардам. Сахт тарсидам, ҳатто ашк рехтам. Ин бисёр ғайричашмдошт буд, интизор набудам, ки дар озмун ғолиб меоям.

АКСҲО: Лидия Аникина © АИ «Уральский меридиан»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво