29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

28 нафар хонандагони тоҷик ба олимпиадаи «ISTEM» роҳхат гирифтанд

162
28 нафар хонандагони тоҷик ба олимпиадаи «ISTEM» роҳхат гирифтандАз 48 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 28 нафари он ба даври финалии олимпиадаи бонуфузи «ISTEM», ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд, иттилоъ дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки даҳаи дуюми моҳи феврали соли равон даври муқаддамотии олимпиадаи бонуфузи «ISTEM» тариқи фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 48 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонандагони болаёқат расман эълон гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври муқадамотӣ ба 28 нафар хонандагони ин боргоҳи таълимӣ муяссар гардид, ки ба даври финалии озмун, ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор мегардад, роҳхат гиранд. Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 8000 нафар хонандагон аз 96 давлати дунё иштирок меварзанд.

Ба иттилои маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, дар соли хониши 2021-2022 хонандагони литсей бори сеюм аст, ки тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз беҳтар шудани вазъи пандемия нахустин бор хонандагони Литсей тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаи ҷаҳонии «Дониш»- и Туркия иштирок намуда, бо ба даст овардани 100 хол аз 100 холи имконпазир рекорди олимпиадаи мазкурро гузоштанд.

Моҳи январи имсол дар олимпиадаи «Коперникус» дар шаҳри Техаси кишвари Амрико 6 нафар хонандагони Литсей ҳузурӣ иштирок намуда, ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварда, соҳиби 6 медали нуқра ва биринҷӣ гардида буданд.


АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво