25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НАВРӮЗ — ҶАШНИ БАҲАМОИИ ИНСОН ВА ТАБИАТ. Он чун рамзи офариниши ҳаёт аз давраҳои дур то имрӯз расидааст

478
НАВРӮЗ — ҶАШНИ БАҲАМОИИ ИНСОН ВА ТАБИАТ. Он чун рамзи офариниши ҳаёт аз давраҳои дур то имрӯз расидаастНаврӯз яке аз ҷашнҳои муътабартарини ориёиҳои аҳди бостон аст, ки сарчашма ва манобеи таърихӣ ба он гувоҳанд. Андешаи маъмул доир ба асли пайдоиши ҷашни Наврӯз ба ривояте, ки дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ маҳфуз аст, ба номи Ҷамшед ҳамбастагӣ дорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки шоҳ Ҷамшед дар таърихи тамаддуни башар нақши тозае аз худ боқӣ гузоштааст ва алҳол дар қиёc бо дигар султонҳои аҳди бостон аз ӯ бештар ёдоварӣ мегардад. Чунин ибрози назар намуд дар мавриди таҷлили ҷашни Наврӯз ва хусусияти он номзади илмҳои филология, дотсент Хосият ОЛИМӢ.

Ба ақидаи Хосият Олимӣ, баъзан дар сарчашмаҳо дар мавриди таҷлили ҷашни Наврӯз ақидаҳои ба ҳам мухолиф низ дида мешаванд. Аввалан, мусаннифи «Форснома» Ибн ал Балхӣ дар мавриди оғози Наврӯз чунин ақидаро мутазаккир шудааст, ки «Ҷамшед тахт бунёд кард ва он рӯз ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва он сол Наврӯз оин шуд ва он рӯзи Ҳурмуз аз моҳи фарвардин буд». Аз он ки кутуби луғот вожаи «фарвардин»-ро моҳи сари сол гуфтаанд ва Наврӯз рӯзи аввали ин моҳ аст, пас дар ин маврид тамоми муҳаққиқон иқроранд, ки Наврӯз ба сифати ҷашн ба рӯзи аввали моҳи фарвардин баробарӣ дорад, чун Ҳурмуз номи рӯзи аввал аст аз ҳар моҳи шамсӣ. Абурайҳони Берунӣ низ дар «Осор-ул-боқия» ба ин ҳақиқатнигории аҳли қалам ихтилоф надорад. Аммо мутафаккир аз гуфтори дигарон Наврӯзро шарҳ дода, чандин ақидаро ба қалам овардааст: «Нахустин чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

Ва идома медиҳад: «…чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Ҷамшед дар баробари ба тахт нишастанаш динро тағйир дод ва ҷашни Наврӯз низ маҳз аз ҳамин хотир аст, ки Ҷамшед бар хилофи ниёкони худ дини дигар таҳия намуд ва ба хотири ин рӯз Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Гузашта аз ин, қабл аз он ки Ҷамшед ба тахти шоҳаншоҳӣ сазовор гардад, ҷашни Наврӯз миёни Пешдодиён таҷлил мешуд. Инчунин андешае, ки пеш аз Ҷамшед ҷашни Наврӯз бунёд гардида ва миёни мардуми Ориё маъруфият дошту ҳар соле истиқбол мешуд, ҷанбаи эътимод надорад, чунки аксари сарчашмаҳо ин ақидаро ба қалам наёвардаанд. Ба ҷуз ин мусаннифи «Осор-ул-боқия» бунёдгузори Наврӯзро дар шахсияти Сулаймон ибни Довуд гуфтааст: «Чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро бозёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт… Ва гуфтанд: «Наврӯз омад!» Яъне рӯзи тоза биёмад». Агар мо Наврӯзро ба боз омадани ангуштарии Сулаймон нисбат диҳем, пас чӣ ҳоҷат ки аз ниёкон ҳарф занем. Бе ягон ихтилоф бунёди Наврӯз ба ҷуз Ҷамшед ба касе тааллуқ надорад.

Дар «Таърихи Бухоро» Абубакр Муҳаммад бинни Ҷаъфар Наршахӣ ишора менамояд, дар «Хазоин-ул-улум» ном сарчашмае дар мавриди зикри бинои арки Бухоро омадааст, ки дар назди арки Бухоро муғон ба хотири Сиёвуш «ҳар соле ҳар марде он ҷо як хурӯс бикушанд, пеш аз баромадани офтоби наврӯзӣ. Ва мардумони Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳо аст, чунонки дар ҳама вилоятҳо маъруф аст … Ва ин сухан зиёдат аз се ҳазор сол аст».

Дар замони хилофати арабҳо, махсусан дар замони Аббосиён ҷашни Наврӯз истиқбол мегардид ва шоҳону амрирони минбаъда низ онро ҷашн гирифтаанд, ки дар ин маврид дар сарчашмаҳо маълумоти зиёде оварда шудааст. Олимони фарангӣ Осмус Боракори ва Мэри Боис куҳан будан ва пас аз зуҳури ислом низ ҷашн гирифтани наврӯзро таъкид намудаанд. Пас, хулоса кардан мумкин аст, ки Наврӯз бо оинҳои хоси худ дар даврони пас аз ислом низ ҷашн гирифта мешуд, вале сиёсати замони шуравӣ Наврӯзро ба дин мансуб медонист ва он дар байни омма истиқбол мегардид.

Хушбахтона, пас аз истиқлолият дар мамлакати мо Наврӯз бо тамоми ҳашамат ҷашн гирифта мешавад ва мояи ифтихор аст, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.

НАВРӮЗ — ҶАШНИ БАҲАМОИИ ИНСОН ВА ТАБИАТ. Он чун рамзи офариниши ҳаёт аз давраҳои дур то имрӯз расидааст


Алҳол бархе миллатҳои дунё Наврӯзро чун ҷашни фарорасии баҳор ва соли нав истиқбол мегиранд ва дар ин рӯз оини мухталиф ба сомон мерасонанд. Дар ин ҷо андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овардан ба маврид аст, ки таъкид намуда буданд: «Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то имрӯз расидааст».

Воқеан, як хусусияти ҷашни Наврӯз барои ориёиҳои аҳди бостон иборат аз ин буд, ки дар ин рӯз ба ҳамдигар ҳадя мефиристоданд ва бо ҳамин расм меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар парвариш менамуданд. Расми дигари ориёиҳои қадим ин аст, ки онҳо рӯзи нав ҳафт намуди ғалларо дар канори хона мекоштанд ва аз рӯидани ин ғалла натиҷаи зироатро дар оянда пешгӯӣ менамуданд. Дар ин рӯз орифу оммии кишвар пӯшокҳои тозаю нав ба бар карда, ба тамошогоҳ мерафтанд. Наврӯз ҷашнест, ки бо омад-омади он ҳаёт дар рӯи замин ҷавлон мезанад ва ба ҳаракат медарояд. Наврӯз сароғози сол аст. Наврӯзро «иди Соли нав», иди сари сол ҳам мегӯянд. Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз ва оғози кишту кор мебошад.

Мардуми мо Наврӯзро ба ҳайси падидаи паёмовар, шодмониҳо, зебоиҳо ва самимият ид мекунанд. Наврӯз дар оғози сол ба умедҳо ва орзуҳои ширини мо ҳамроҳ шуда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста менамояд ва шавқу завқро нисбат ба зиндагӣ ва меҳнат афзун мегардонад. Наврӯз барои деҳқони тоҷик фурсати мувофиқ аст. Дар Наврӯз тамоми муноқишаҳо фаромӯш гардида, ранҷишҳо ва гуноҳҳо бахшида мешаванд, эҳтиром ба ҳамдигар, меҳрубониву инсондӯстӣ ва ғамхорӣ нисбат ба наздикону дӯстон зиёд гардида, муҳаббат ба Ватану табиат боз ҳам самимитар мегардад. Наврӯз ҷашни тозагии рӯҳ аст ва ҷашни бархурдорӣ аз хушиҳои зиндагист. Бегуфтугӯ ҷашни зиндаест аз ҷашнҳои дигари ориёӣ. Ин ҷашни тавҳиди Инсон ва Табиат аст. Аз ҳамин хотир, тӯли ҳазорсолаҳо аз лавҳи хотири инсонҳо зудуда нашуда, балки тамоми расму оини наврӯзӣ то ба имрӯз дар гӯшаю канори мамлакат роиҷ аст.


АКСҲО аз бойгонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво