25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Он воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост

130
ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Он воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мостҲамасола 27 март Рӯзи ҷаҳонии театр ( World Theatre Day) зери шиори «Театр чун василаи ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо» таҷлил мегардад. Ин сана ба ҳамаи кормандон – ҳунармандон, коргардонҳо, равшанидиҳандагону пардозгарон ва ҳатто чиптафурӯшу либоснигаҳдорандагон (гардеробчиҳо) низ тааллуқ дорад. Беҳуда коргардони бузурги рус Константин Станиславский нафармудааст: «Театр аз либосовезак шурӯъ мешавад, зеро маҳз либоснигоҳдорандагон аввалин шуда, тамошобинонро истиқбол мегиранд…». Он саҳнаҳое, ки дар театрҳо ба намоиш гузошта мешаванд, барои тағйир додани зеҳни одамӣ ва ба масири инсондӯстию мардумсолорӣ раҳнамун кардани ҷомеа равона шудаанд.

Театр рукни муҳими ҳаёт ва фарҳанги одамӣ буда, таваҷҷуҳи бештар ба худ ҷалб мекунад ва ҳаводорони зиёд дорад. Ба намоиш гузоштани осори гуногунмуҳтаво, масъалаҳои мубрами рӯзгори инсонӣ, ҳалли мушкилоти доғу рӯзмарра дар саҳна рисолати ҳунари театрӣ буда, имрӯз низ чунин бори масъулияти муҳимро бар дӯш дорад. Тавре мутафаккири рус В. Г. Белинский гуфтааст: «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост».

Театрҳои Тоҷикистон аз соли ба фаъолият оғоз намудан то имрӯз ҳазорҳо асарҳои мондагорро офаридаанд, ки то имрӯз дар хотирҳо нақш баставу тамошобини худро доранд. Дар таърихи театр асарҳои мондагори коргардонҳои тоҷик беҳисобанд. Яке аз онҳо спектакли «Шоҳ Эдип»-и драманависи юнонӣ Софокл мебошад, ки рӯи саҳна оварда шудааст.

Спетакли «Шоҳ Эдип» барои миллати мо бегона нест. Ин фоҷеаномаи машҳури олам охири солҳои 70 асри гузашта бо талоши Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ гузошта шудаву шоистаи таҳсину офаринҳо шуда буд. «Шоҳ Эдип» он солҳо яке аз беҳтарин намоишҳои ин театр маҳсуб меёфт.

Барои офаридани нақши асосӣ дар спектакли «Шоҳ Эдип»-и Софокл дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ соли 1987 ба ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳошим Гадо Ҷоизаи давлатии СССР дода шуд.

Тавре дар суҳбат бо мо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев иброз намуд, бори аввал ин спектакл соли 1986 бо коргардонии Ҳошим Гадо ба саҳна гузошта шуда буд.

Мавсуф зикр намуд, ки «мо ҳамроҳи устод Ҳошим Гадо пеш аз ба саҳна гузоштани намоиши «Шоҳ Эдип»-и Софокл чанд сол тайёрӣ медидем ва болои он машқ мекардем. Вақте ки тасмими гузоштани намоиш гирифта шуд, устод аввал гуфт, ки шояд нақши Шоҳ Эдипро ба ту диҳам. Дар охир устод Ҳошим Гадо нақши Шоҳ Эдип ва ман нақши Шоҳ Креонтро иҷро кардем. Имрӯз ин намоишро ҳар як коргардон метавонад ба саҳна бо диди худ гузорад. Зеро ин намоиш дилтасхиркунанда ва хеле мондагор аст».

«Ҳошим Гадо ҳунармандест, ки дар арсаи ҷаҳон санъату ҳунари мардуми тоҷикро ба таври барҷаста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки Тоҷикистон низ ҳунару ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад. Бо ин намоиш мо ду маротиба ба Русия сафар намудем, ки бори аввал 3 маротиба ва бори дуввум 1 маротиба онро пешниҳоди тамошобинон гардонидем. Инчунин дар сафари аввал ин намоиш аз ҷониби ҳунармандони рус низ рӯи саҳна гузошта шуд, ки он ба таври замонавӣ омода гардида буд. Намоиши мо бо коргардонии Ҳошим Гадо аз намоиши онҳо тафоввут дошт»- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мунаққид ва нависандаи машҳури рус Александр Маркин пас аз тамошои спектакли «Эдип» чунин гуфтааст: «На дар Русия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадо бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳошим Гадоев ҳампоя бошанд».

Ин фоҷиа — «Шоҳ Эдип» ба хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ дохил шуда, аз силсилаи асотири Фива маҳсуб мешавад. Дар ибтидои фоҷианомаи «Шоҳ Эдип» қисса карда мешавад, ки таҷассумкунандаи дархостҳои шаҳрвандони Фива ­­– Хор ба шоҳ Эдип муроҷиат мекунад, ки мардуми Фиваро аз ҷароҳати баҳрӣ раҳо намояд. Аммо Эдип қабл аз ин додарарӯси худро ба назди фолбин равон карда буд, то ӯ бифаҳмад, ки бо кадом роҳ аҳли Фиваро аз ин бемории хавфнок раҳо кардан мумкин аст. Креонт баъди бозгашт хабар медиҳад, ки ин ғазаби худо Аполлон аст ва сабаби ғазаби ӯ бар мардуми Фива он аст, ки то ҳол кушандаи шоҳи пештараи Фива – Лой беҷазо мондааст. Баъди шунидани ин хабар Эдип бо тантана қасам ёд мекунад, ки тамоми қувваашро ба кор мебарад, то қотилро пайдо кунад ва ҷазо диҳад.

Аммо дар равиши ҷустуҷӯ ба Эдип маълум мегардад, ки қотили шоҳи пештараи Фива –Лой худи ӯ мебошад. Баъди он ки Эдип пурра бовар мекунад, ки қотили падар ва шавҳари модараш худи ӯст, худро кӯр менамояд ва фоҷианома бо ин хотима меёбад.

Баъд аз пешниҳоди ин намоиш аз ҷониби ҳунармандони тоҷик директори театри Дӯстии халқҳои шаҳри Москва Михаил Чигир низ чунин гуфтааст: «Аз тамошои намоиши «Эдип», ки коргардон ва офарандаи нақши асосияш – шоҳ Эдип Ҳошим Гадо мебошад, ончунон ба ваҷд омадам, ки қудрати баёнашро надорам. Дар Ҷопон ба актёр унвон ё орден намедиҳанд. Актёрони бузурги онҳо сарвати миллӣ маҳсуб меёбанд. Ҳошим Гадоев актёри бузург ва сарвати халқи тоҷик мебошад. Агар намояндагони ин халқи шариф, ки ҳоло дар толор нишастаанд, розӣ бошанд, пешниҳод мекунам, ки Ҳошим Гадоев сарвати халқи рус низ эълон карда шавад».

Ба ҳунарманди тоҷик актрисаи номдори узбек Соро Эшонтӯраева ва шавҳараш Зокир Муҳаммадҷонов меҳру муҳаббати хосса доштанд. Онҳо барои тамошои «Эдип» махсус ба Душанбе меомаданд. Ва ҳар бор Соро мегуфт: «Ман назди истеъдоду ҳунарварии Ҳошим Гадо дар нақши шоҳ Эдип сари таъзим фуруд меорам».

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо низ ҳунармандони мо намоишҳои театрии худро дар саҳнаҳои театрҳои хориҷи кишвар ба намоиш мегузоранд ва шоистаи таҳсини офарин мегарданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар

АКС аз бойгонӣ ва манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво