20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳлили фаъолияти шаҳрсозӣ дар вилояти Хатлон

1741
Соҳаи сохтмон имрӯз чӣ камбудӣ дорад? Чӣ монеаи кор мегардад? Оё Кодекси шаҳрсозии ҶТ дар қаламрави ҷумҳурӣ риоя мегардад? Ба маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бинокорон чӣ гуна муносибат доранд? Оё бино ва иншооти сохташаванда имрӯз тибқи талабот аст ва ба он эътимод метавон дошт? Нарх ва нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон дар кадом поя аст?
Ин ҳама масоил имрӯз масъулини соҳаро ба ташвиш овардааст ва боиси он гардид, ки дар вилояти Хатлон Раёсати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҶТ ва сардорону масъулини соҳаро гирди ҳам орад, то бурду бохти бинокорони вилояти Хатлонро дар якҷоягӣ таҳлил ва баррасӣ намоянд.
9 феврали соли 2017 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ширкати Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ва муовини Раиси вилояти Хатлон Иноятзода Баҳром, сармеъморон ва сардорони КФ КВД “Лоиҳакаш”-и вилояти Хатлон баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки дар давоми соли 2016 тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, мутахассисони Кумита бо мақсади ба роҳ мондани санҷиши ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералии шаҳр, шаҳрак ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои Кӯрғонтеппа, Сарбанд, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Кӯлоб, Ёвон, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод, Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон, Норак, Дӯстӣ, Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон сафарбар карда шуданд, ки дар рафти санҷиш камбудиҳо оид ба риоя нагардидани талаботи Нақшаи генералӣ, инчунин бе мувофиқа ва ҳуҷҷатҳои дахлдор оғоз гардидани сохтмони иншоот ва биноҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо муайян карда шудаанд.
Чуноне ки аз баромади Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. бар меояд вазъ дар соҳаи сохтмон дар вилояти Хатлон нигаронкунда аст ва ҳарчӣ зудтар бояд аз паи рафъи камбудиҳои ҷойдошта, ки дар натиҷаи санҷиши кори Комиссия муайян гардиданд, бартараф карда шаванд.
Таҳлили фаъолияти шаҳрсозӣ дар вилояти Хатлон
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. қайд намуд, ки соҳаи шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сохтмон дар сиёсати имрӯза мавқеи намоёнро ишғол намуда, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳаматарафа меёбад ва дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ шахсан ҳиссаи Ҷаноби Олӣ хеле бузург аст. Ташаббуси Роҳбари давлат ба эҳё ва рушди санъати меъмории миллӣ аз ҷониби доираи васеъи меъморони ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфта, ба ҷараёни ҷустуҷӯ ва истифодаи шаклу усулҳои миллӣ дар бино ва иншооти нав сохташаванда такони тоза бахшид.
Дар ин самт Кумита ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ва аз ташхиси давлатӣ гузаронидани онҳо ба истифодабарии меъмории хоси Тоҷикистон дар лоиҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода истодааст.
Мо хуб дарк карда истодаем, ки чӣ тавр Пешвои миллат дар сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар баробари бунёди бинову иншоот ва сифати он, ҳамзамон ба симои меъмории ҳар як бино диққати ҷиддӣ дода, талаб менамоянд, ки он ба урфу одат ва услуби хоси миллӣ монанд таҳия карда шаванд.
Мутаассифона новобаста ба дастовардҳо камбудиҳои ҷиддӣ то ҳол ҷой доранд. Дар қаламрави бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намуди зоҳирии биноҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд.
Бесабаб нест, ки Пешвои миллат аз кори лоиҳасозони ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карданд. Аз ин лиҳоз мо бояд, услуби кори лоиҳакашонро куллан такмил дода, барои таҳияи лоиҳаҳои ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ, бо истифодаи унсурҳои миллӣ ва намои дилкашу зебо кӯшиш ба харҷ диҳем.
Сарвари сохтмончиёни ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки ташкилотҳои лоиҳакашӣ барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони худ бояд чораҳои мушаххас андешанд. Бинобар он, ҳангоми гузаронидани комиссияи иҷозатномадиҳӣ ба ин масъала мебояд диққати ҷиддӣ дод. Бигузор шумораи ташкилотҳо кам шаванд, вале босалоҳият бошанд,-гуфт Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
Таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо Нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи сиёсати Кумита ба ҳисоб рафта, фаъолияти мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозиро ба танзим медарорад.
Айни замон дар вилояти Хатлон, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Сарбанд ва маркази ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Мӯъминобод, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш Нақшаҳои генералии тасдиқгардидаро доро буда, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мазкур мавриди амал қарор доранд.
Дар ҳамин замина, Нақшаҳои генералии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №37 тасдиқ карда шуд.
Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳия шуда, бо инобати иваз гардидани номи шаҳрак (маркази ноҳия) айни замон масъалаи тасдиқи номи ивазшуда дар баррасӣ мебошад.
Нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ ва Ховалинг дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Ба иттилои Раиси Кумита дар соли сипаригашта таҳияи Нақшаҳои генералии маркази ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба анҷом расонида шуда, дар соли равон ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикршуда барои мувофиқасозӣ пешниҳод мегарданд.
Таҳияи Нақшаи генералии ноҳияи Фархор идома дошта, соли 2017 ба итмом расонида мешавад.
Ҳоло масъалаи таҳияи Нақшаҳои генералии ноҳияҳои Данғара ва Шаҳритуз аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар”-и Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи давлатии ноҳияҳои мазкур мавриди баррасӣ ва коркард қарор дорад.
Аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳое, ки таҳия ва тасҳеҳи нақшаи генералиашон пурра ба анҷом расидааст, Раиси Кумита хоҳиш кард, ки барои то семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати бо вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расонидан ва пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Таҳлили фаъолияти шаҳрсозӣ дар вилояти Хатлон Санҷиши ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералии шаҳр, шаҳрак ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишон дод, ки талаботи Нақшаи генералӣ риоя намегарданд ва ҳолатҳои бе мувофиқа ва ҳуҷҷатҳои дахлдор оғоз гардидани сохтмони иншоот ва биноҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд. Бунёди иншооти хурди хизматрасонӣ аз қабили мағозаҳои хурд, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва ба ин монанд иншоот бе риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ идома дорад.
Инчунин, масъалаи интихоб ва додани қитъаҳои замин барои сохтмони ҳама намуди иншоот ва биноҳо дар канори шоҳроҳҳо, ки аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳо мегузаранд, диққати махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозии онҳоро талаб намуда, дар ин мавзеъҳо таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои иморатсозӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. оид ба фаъолияти ҳар як сармеъмор чунин ибрози андеша намуд, ки ҷиҳати дуруст ҷойгир ва бунёд намудани ҳама гуна иншооту биноҳо дар мавзеъҳои мухталиф аз мавҷуд будани Нақшаи генералӣ, нақшаи муфассали банақшагирии маҳалҳо ва лоиҳаҳои иморатсозӣ аз масъулият ва кордонии ҳар сармеъмор вобастагии калон дорад. Бидуни Нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои иморатсозӣ ҷойгиркунӣ ва бунёди бинову иншоот, кӯчаву хиёбонҳо ва гулгаштҳо мушкил аст. Маҳз аз набудани чунин нақшаҳо қонуншиканиҳо дар соҳаи шаҳрсозӣ муайян карда шудааст. Новобаста аз он, ки мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ чунин ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ менамоянд, аммо мутаассифона аз ҷониби баъзе сармеъморони шаҳру ноҳияҳо бархилофи қонунҳои амалкунанда қитъаҳои замин барои сохтмони бинову иншоот бидуни ҳамаи талаботҳои меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ барои сохтмон пешниҳод карда мешаванд.
Дар аксар шаҳру ноҳияҳо набудани Нақшаи генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалро ба инобат нагирифта, бар хилофи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ барои сохтмон ва ё таҷдиди иншоот ва биноҳои мағозаҳо, дӯконҳо, бозорҳои хусусӣ ва хонаҳои истиқоматии шахсӣ, бе асноди лоиҳавию харҷномавӣ иҷозат дода мешаванд. Дар симои ин гуна биноҳо ягон санъати меъмории хос дида намешавад ва баръакс симои шаҳрак ва маҳалро коста гардонидаанд. Чунин мисолҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят, баръало дида мешаванд.
Шаҳри Қурғонтеппа
Нақшаи генералии шаҳри Қӯрғонтеппа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №660 аз 30 декабри соли 2011 ба муҳлати истифодабарии то соли 2035-ум тасдиқ гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппаро зарур мебошад, ки ҳарчӣ зудтар барои таҳияи нақшаи муфассали банақшагирии қисмати марказии шаҳр чораҳои мушаххас андешад.
Санҷиши қисмати марказии шаҳр нишон дод, ки дар баробари корҳои бунёдсозӣ дар фаъолияти сохтмон ба як қатор қонуншиканиҳои соҳаи шаҳрсозӣ роҳ дода шудааст. Чунончӣ:
Сохтмони биноҳои иловагии Қаҳвахонаи “Эҳсон” дар хиёбони Ваҳдат, воқеъ дар қисми шимолии теппаи Қӯрғон бе риояи Нақшаи генералии шаҳр ва талаботи иншооти таърихӣ-фарҳангӣ дар минтақаи кабудизоркунии истифодаи умум бунёд гардидааст.
Санҷиши сохтмони нуқтаҳои савдо дар кӯчаи Карл Маркс муайян намуд, ки иншооти мазкур дар ҳамшафати бозори марказӣ бо истифодаи конструксияи сабук берун аз хати сурх бунёд гардидааст, ки мухолиф ба талаботҳои меъмориву шаҳрсозӣ ва нақшаи генералии шаҳр мебошад.
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ ва маркази хизматрасонӣ, ки дар бурриши кӯчаи Норинов ва Мирзоқодиров аз ҷониби ҶДММ “Баҳор” ба роҳ монда шудааст, хулосаи мусбии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравиро надошта, он дар минтақаи кабудизоркунӣ бе риояи нақшаи генералӣ иҷозат дода шудааст.
Ҳамин гуна ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба риоя накардани нақшаи генералӣ дар ҷойгиронии сохтмони корхонаи коркарди тунука ва масолеҳи сохтмонӣ ва дукони хизматрасонӣ аз масолеҳи сабук дар кӯчаи Айнӣ муайян карда шуд, ки дар мавзеи мазкур тибқи нақшаи генералӣ минтақаи кабудизоркунӣ пешбинӣ гардидааст.
Инчунин муайян карда шуд, ки сохтмони бинои истиқоматии 5-ошёна, аз ҷониби фармоишгар Назаров Қ. бе дастрасии хулосаи экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Шаҳри Сарбанд
Муайян карда шуд, ки маркази шаҳри Сарбанд дар масоҳати 257,63 га бо нақшаи муфассали банақшагирии маҳал таъмин буда, ҷойгиркунии иншооту биноҳо дар асоси нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал амалӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар баробари ин дар баъзе мавзеъҳо талаботи нақшаи мазкур риоя карда нашудааст.
Аз ҷумла:
Санҷиш муайян намуд, ки сохтмони бинои маркази савдо ва истгоҳи таъмири нақлиётӣ дар кӯчаи Борбад бе риояи нақшаи генералӣ, хулосаи мусбии Раёсати экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин ҳолатҳо дар сохтмони бинои маркази савдо ва сехи дузандагӣ дар кӯчаи Сомонӣ, бинои маркази савдову иншооти маишӣ ва майдончаи бозиҳои шавқовари кӯдакона дар кӯчаи Раҳимзода дида мешавад.
Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Санҷиш нишон дод, ки дар қисмати марказии ноҳия ҷойгиркунии иншооту биноҳо бе риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии дахлдор, бе хулосаи экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла:
- мағозаи хӯрокворӣ ва толори варзишӣ дар ҷамоати шаҳрак, аз тарафи соҳибкор Суфиев А., бинои дукони тиҷоратӣ воқеъ дар кӯчаи Румӣ аз ҷониби соҳибкор Холов М. ва бинои 2-ошёнаи мағозаи тиҷоратӣ дар кӯчаи Румӣ аз ҷониби соҳибкор Розиқов Н. худсарона сохта шудааст.
Ноҳияи Вахш
Санҷиш муайян намуд, ки бо инобати дар қисмати марказии ноҳияи Вахш мавҷуд будани нақшаи муфассали банақшагирии маҳал баъзе иншооту биноҳои сохташаванда мухолифи талаботи нақшаи мазкур ҷойгир карда шудаанд. Масалан:
Сохтмони бинои чорошёнаи маркази савдо мухолиф ба талаботи нақшаҳои амалкунанда, дар ҳудуди ободонии назди биноҳо, бе риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатии лоиҳа оғоз карда шудааст.
Ба ин монанд чунин камбудиҳо дар сохтмонҳои бинои сеошёнаи маркази савдо, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар кучаи Сомонӣ ва маркази савдову дорухона дар кӯчаи Давлатови ҷамоати шаҳраки Вахш муайян карда шудааст.
Ноҳияи Бохтар
Санҷиши рафти ҷараёни сохтмони иншоот дар маркази ноҳияи Бохтар нишон дод, ки ҷойгиркунии иншооту биноҳо бе риояи талаботҳои нақшаи генералӣ, бе дастрасии хулосаи мусбии экспертиза, иҷозати оғози корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, сохтмонҳои бинои маркази савдо ва хизматрасонии маишӣ дар ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ кӯчаи Сино дар назди бинои Кохи фарҳанг, бинои истиқоматӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, бинои ошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва кӯчаи марказӣ, бинои истиқоматӣ дар ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ кӯчаи Стаханов ва бинои истиқоматӣ дар ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ кӯчаи Иброҳимов ва дигарон.
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Зимни санҷиши фаъолияти шаҳрсозӣ дар ноҳияи мазкур аз ҷониби гуруҳи кории Кумита муайян карда шуд, ки дар маркази ноҳия сохтмони иншооту биноҳо бе риояи талаботҳои меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе хулосаи экспертизаи давлатӣ ва иҷозати дахлдор ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, сохтмонҳои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ, бинои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва нонвойхона дар кӯчаи Азизов ва бинои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум дар кӯчаи И.Сомонӣ ва бинои мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум дар кӯчаи Фрунзеи ҷамоати шаҳраки А.Ҷомӣ мебошанд.
Инчунин, сохтмонҳои нуқтаи фурӯши сузишворӣ дар деҳаи Сотсиализм ҷамоати деҳотӣ Калинин, бинои нуқтаи шустушӯ, таъмири мошинҳои гуногунтамға ва сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Истиқлоли деҳоти “Иттифоқ” ва бинои маркази савдо ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Ҷомии ҷамоати деҳоти Яккатут.
Ноҳияи Хуросон
Дар ноҳия мазкур бе риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе талаботи нақшаи генералӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ва иҷозати дахлдор иншоотҳо сохта шудаанд. Аз ҷумла:
Сохтмонҳои маркази савдо дар кӯчаи Муродов, бинои мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, бинои мағозаи тиҷоратӣ ва бинои мағозаи мебелсозӣ ва дару тиреза дар кӯчаи Ориёни шаҳраки Обикиик.
Ноҳияи Дӯстӣ
Санҷиши амалишавии нақшаи генералии ноҳияи мазкур нишон дод, ки дар қисмати марказии он, сохтмони иншооту биноҳо бе риояи талаботи нақшаи генералӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ карда шудааст.
Аз ҷумла, сохтмони мағозаву дуконҳои тиҷоратии ҷамъияти матлуботи ноҳия, нуқтаи фурӯши сузишворӣ ва гази моеъ дар кӯчаи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Ҷиликул, маҷмӯи беморхонаи касалиҳои сироятӣ. Инчунин сохтмони нерӯгоҳи барқии обии хурд дар деҳаи Бадахшон.
Ноҳияи Шаҳритӯс
То ҳол масъалаи таҳия ва тасҳеҳи Нақшаи генералии маркази ноҳияи мазкур ҳалли худро наёфтааст. Ба ин нигоҳ накарда сохтмони биноҳои мағозаҳои тиҷоратӣ ва маркази савдо дар кӯчаи Сомонӣ, сохтмони мағозаи хурокворӣ ва осиёби ордбарорӣ дар деҳаи Хушобӣ, сохтмони нуқтуи фурӯши сӯзишворӣ, мағозаи молҳои сохтмонӣ ва истгоҳи мошинҳо дар деҳаи Чорбоғ, сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Ватан бе риоя нақшаи генералӣ ва хулосаи экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Ноҳияи Қубодиён
Дар ноҳия мазкур низ сохтмони иншоотҳо бе риояи талаботҳои меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе риояи нақшаи генералӣ, бе хулосаи экспертизаи давлатӣ, берун аз хати сурх амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, сохтмони биноҳои мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар кӯчаи Титови ҷамояти деҳоти Носири Хусрав, мағозаи фурӯши айнакҳо дар кӯчаи И.Сомонӣ, дорухона ва маркази ташхиси табобатии Шифо дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳия, нонпазхона, сехи дузандагӣ ва фурӯшгоҳи тиҷоратӣ ва мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар кӯчаи И.Сомонӣ.
Таҳлили фаъолияти шаҳрсозӣ дар вилояти Хатлон

Ноҳияи Носири Хусрав
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки иншоотҳои сохта шудаистода тибқи нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал ҷойгир карда шуда бошанд ҳам, сифати корҳои сохтмонӣ нишон дод, ки дар иншоотҳо камбудиҳои технологиву истифодаи масолеҳи бесифат ҷой доранд, ин ҳам бошад дар:
- Сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар шаҳраки Баҳор.
- Сохтмони хонаи истиқоматии 12 ҳуҷрадор, воқеъ дар шаҳраки Баҳор.
Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар ноҳияи мазкур иншоотҳо бе риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе талаботи нақшаи генералӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла:
Сохтмонҳои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ, бинои Терминали мусофирбарии ноҳия, бинои маркази тиҷоратӣ ва дорухона, бинои сехи қаннодӣ ва маркази хизматрасонӣ ва бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ дар кӯчаи И.Сомонии шаҳраки Москва.
Ноҳияи Фархор
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар ноҳияи Фархор, баъзе иншоотҳо бе риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе талаботи нақшаи генералӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, сохтмонҳои мағозаи хуроквории 2-ошёна, бинои филиали “Тоҷпромбонк” ва меҳмонхона, дар кӯчаи Лангариеви ҷамоати шаҳраки Фархор ва бинои маркази хизматрасонии компютерӣ дар кӯчаи И.Сомонии ҷамоати шаҳраки Фархор.
Ноҳияи Панҷ
Дар шаҳраки маркази ноҳияи Панҷ иншоотҳо бе риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла:
Сохтмонҳои бинои маркази савдои дару тирезаҳои пластикӣ дар кӯчаи Рӯдакӣ, бинои маркази савдо, бинои маркази тиҷоратӣ ва бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ дар кӯчаи 50 солагии Қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Панҷ.
Ноҳияи Ҷайҳун
Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун иншоотҳо бе риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе талаботи нақшаи генералӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудаанд.
Аз ҷумла:
Сохтмонҳои бинои чойхонаи миллии ноҳия, бинои ошхонаи мавсимӣ, бинои маркази саломатӣ ва бинои иловагии маркази саломатӣ, дорухона дар кӯчаи И.Сомонӣ.
Сохтмонҳои бинои меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ ва бозори марказии Дустӣ дар маҳаллаи 1 май.
Сохтмони бинои маъмурии Бозрасии давлатии автомобилӣ.
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҷамоати деҳоти Қумсангир.
Сохтмони мактаб барои 624 хонанда ва сохтмони қисми ҳарбӣ, инчунин дигар бинову иншоотҳо, ки шумораашон зиёданд.
Ноҳияи Данғара
Дар ноҳияи Данғара мавриди санҷиш муайян карда шуд, ки иншшотҳои зерин бе дастрасии хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ бунёд шуда истодаанд:
Ду бинои 9-ошёна барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар кӯчаи Совети ҷамоати шаҳраки Данғара
Сохтмони бинои нави Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар кӯчаи Восеъ
Сохтмони бинои нави 5-ошёнаи Кумитаи давлатии идораи замини ноҳия
Сохтмони мактаби нав барои 640 нафар дар деҳаи Данғараи боло
Сохтмони бинои нав барои 480 ҷой дар ҳудуди мактаби №5 деҳаи Пушинг
Сохтмони бинои маъмурӣ ва корхонаи коркарди нефт дар деҳаи Меҳвар ва дигар бинову иншоотҳо.
Шаҳри Норак
Дар шаҳри Норак нақшаи навбатдорӣ тартиб дода нашуда, ҷойгиронӣ ва сохтмони иншоотҳо бе риояи талаботи нақшаи генералӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла:
Сохтмони бинои истиқоматии 5-ошёна бо нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ.
Сохтмони бинои истиқоматии 3-ошёна.
Сохтмони бозори “Сомониён”.
Сохтмонҳои бинои маркази савдо, бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ, бинои маркази савдои 3-ошёна дар кӯчаи Рӯдакӣ.
Сохтмони бинои маркази савдои 2-ошёна дар кӯчаи Юсупов ва мактаби таҳсилоти умумӣ дорои 22 синфхона дар кӯчаи 50 солагии шаҳри Норак.
Ноҳияи Восеъ
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар ноҳияи мазкур ҷойгиронӣ ва сохтмони қисме аз иншоотҳо бе риояи талаботи нақшаи генералӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла:
Сохтмонҳои бинои чойхона дар кӯчаи Изатулло Раҳим ва бинои марказҳои савдо дар шафати роҳи Восеъ-Кулоб
Шаҳри Кулоб
Дар маркази шаҳри шаҳри Кулоб ҷойгиронӣ ва сохтмони иншоотҳо бе риояи талаботи нақшаи генералӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла:
Сохтмони сабуки мағозаҳои хӯроквории 2-ошёна, воқеъ дар шафати роҳи автомобилгард дар назди бозори Сомон.
Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ бо маркази савдо дар ошёнаи якум ва бинои маркази савдо дар кӯчаи 50 солагӣ.
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи №52, рӯ ба рӯи бозори Саховати шаҳри Кулоб бе риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, оташнишонӣ, санитарию экологӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдори шаҳрсозӣ аз тарафи шаҳрванд Абдуллоев М. бунёд гардида, айни замон фаъолият дорад.
Ноҳияи Мӯъминобод
Дар рафти санҷиш ошкор карда шуд ки Марказҳои савдои масолеҳи сохтмон ва бинои маркази савдо дар кучаи Исмоили Сомонӣ, дар болои хатти сурх ҷойгир карда шуда, берун аз нақшаи генерали ва бе хулосаи мусбии экспертизаи давлати сохта шудаанд.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Дар ин ноҳия низ сохтмони иншоотҳо бе риояи талаботи нақшаи генералӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. Чунончӣ:
Мактаб барои 380 нафар дар маркази ноҳия дар заминаи кабудизоркунии боғи марказӣ сохта шудааст.
Сохтмони маркази савдо дар маркази ноҳия, ки бе ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз ҷониби меъмор барои оғози корҳои сохтмонӣ иҷозат дода шудааст.
Сохтмони бинои маркази савдо дар маркази ноҳия бе ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Ноҳияи Ховалинг
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки сохтмони бинои марказҳои савдои 4 ошёна дар кучаи И.Сомонии ноҳия бе дастрасии хулосаи мусбии экспертизаи лоиҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Бинои маркази саломатӣ дар маркази ноҳия дар ҳудуди боғи марказӣ ҷойгир карда шудааст.
Ноҳияи Ёвон
Дар маркази ноҳияи Ёвон ҷойгиронӣ ва сохтмони иншоотҳо бе риояи талаботи нақшаи генералӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла:
Се бинои маркази савдо дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар шафати роҳ дар болои роҳгузар ҷойгир карда шудаанд.
Сохтмони сехи таъмири мошинҳо дар кӯчаи Кароматулло Қурбонов низ бе риояи меъёрҳо ба роҳ монда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳо бо сабаби мавҷуд набудани нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирӣ, сохтмони баъзе иншоотҳоро аз ҷумлаи мағозаҳо, дӯконҳо, марказҳои савдо ва хонаҳои истиқоматии шахсӣ аз ҷониби бахшҳои меъморӣ иҷозат дода шудааст. Илова бар ин, сохтмони иншоотҳои номбурда бе лоиҳаи мукаммал ва бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ оғоз гардидаанд. Дар симои ин гуна биноҳо санъати меъморӣ дида намешавад ва баръакс симои шаҳрак ва маҳалро коста гардонидаанд.
Ҳолатҳои бе лоиҳаи корӣ, бе ташхиси давлатӣ, бе иҷозати сохтмон бунёд шудани бино ва иншоотҳо дар минтақаҳои вилояти Хатлон ҳоло ҳам бисёранд.
То охири соли 2016 сохтмони 33 иншооти бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, 23 иншооти бе иҷозати мақомоти маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва 17 иншооти бе лоиҳаи корӣ дар қаламрави вилоят оғоз гардида, муваққатан манъ карда шуда, ба шахсони ба чунин қонуншиканиҳо роҳдода ҷарима таъин карда шудааст. Дар ин масъала, ба ғайр аз мутахассисони Хадамот, сармеъморони шаҳру ноҳияҳо низ масъул мебошанд.
Доири ин масъала Гурӯҳи кории Кумита таъсис дода шуда, аз тарафи ин гурӯҳ ҳар як камбудиҳои ошкоргардида баррасӣ шуда, нисбати онҳо ҷораҳои зурурӣ дида истодаанд.
Муайян карда шуд, ки иншооте, ки бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ ва бе иҷозати сармеъмор сохтмонашон оғоз ёфтааст, дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Бохтар, Вахш, Ҷайҳун, Данғара, Балҷувон, Норак ва дигарон ба назар мерасанд.
Ҳамчунин гурӯҳи кории муштараки Кумита аз ҳисоби мутахассисони Раёсати шаҳрсозии Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ва Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ҷиҳати риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати бунёди иншоотҳои сохташавандаи ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Бохтар, Кӯлоб, Сарбанд, Шаҳритус, Носири Хусрав, Норак, Қурғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Восеъ ва Данғараи вилояти Хатлон сафарбар карда шуданд.
Зимни санҷиш камбудиҳои зиёде дар раванди корҳои сохтмонӣ муайян карда шуданд, ки дар боло дар маҷмуъ гуфта гузаштам.
Далелҳои қайдгардида, ки дар вақти санҷиши шаҳру ноҳияҳои номбаршуда муайян ва ошкор гардидаанд аз риоя нагардидани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №214 аз 6 майи соли 2006 “Дар бораи “Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард”, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ дарак медиҳад.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ оиди камбудиҳои ҷойдошта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таклиф пешниҳод карда мешавад, ки то таҳия гардидани нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маҳалҳо ва тасдиқи онҳо баррасии масъалаи додани қитъаи замин барои ҷойгиронӣ ва сохтмони бинову иншоотҳо бо тарзи алоҳида (точечная застройка), ки дар оянда ҳусни шаҳрсозиро вайрон менамояд, манъ карда шавад.
Дар ин асос, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро зарур аст, ки тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи нақшаи муфассали банақшагирии маҳалҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки дар ҳолатҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ҷойгиронии ин ё он иншоот, хусусан дар шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаи куллашон то ҳол тасҳеҳ нагардидааст, бо мувофиқаи мақомотҳои марбутаи болоӣ бояд амалӣ карда шавад.
Умуман, санҷиши гузаронидашуда, оид ба татбиқи амалии Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозӣ нишон дод, ки дар фаъолияти бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ташкилотҳои лоиҳакашию сохтмонӣ ва фармоишгарони иншоотҳо, ба таври зарурӣ татбиқу амалӣ нашудааст.
Сармеъморони шаҳру ноҳияи дар боло зикршуда вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар соҳаи шаҳрсозӣ ҷойдошта, аз ҷумла ҷойгиркунии бинову иншоотҳо тибқи нақшаи генералӣ бо назардошти рушди соҳаи шаҳрсозӣ, ба роҳ мондани корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ тавассути ташкилоту корхонаҳои иҷозатномадор, амалӣ намудани назорати техникӣ дар иншоотҳои сохташаванда тавассути фармоишгарони иҷозатномадор, аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои таҳияшуда ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ҳангоми бунёди бинову иншоотҳо диққати ҷиддӣ дода, чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон сармеъмори вилоятро зарур аст, ки иҷрои пурраи вазифаҳоеро, ки тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст амалӣ намуда, татбиқи нақшаҳои генералӣ, ҷобаҷогузории бинову иншоотро дар миқёси вилоят зери назорати қатъӣ қарор диҳад.
Ба андешаи Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. новобаста аз ошкор гардидани баъзе камбудиҳо, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва бунёди бинову иншоотҳо як қатор корҳои назаррас ба иҷро расонида шудаанд. Дар маркази шаҳр ва шаҳракҳо таъмир ва рангубори биноҳои мавҷуда, кабудизор ва гулзоркунии кӯчаву хиёбонҳо ва майдони назди биноҳо, таъмири кӯчаву роҳ ва роҳравҳо ба анҷом расонида шуданд, ки намуди меъмории мавзеъҳоро хеле беҳтар гардонидааст.
Камбудиву норасогиҳои ошкорнамудаи гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 26-29 октябри соли 2016 фаъолияти Кумитаро санҷиш гузаронида буданд, вобаста ба риоя нагардидани талаботи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо мавриди ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншоот, дар асл дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷой дошта, барои ислоҳи онҳо Кумита тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки камбудиҳои ҷойдошта асосан дар шаҳру ноҳияҳое, ки Нақшаи генералии амалкунандаро доро мебошанд ба чашм расида, мавриди ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншоот аз ҷониби Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо хулосаҳои сармеъморон оиди талаботи нақшаи генералӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ба инобат гирифта нашудаанд. Бо мақсади ба роҳ мондани тартиби дурусти коргузорӣ мавриди чудо намудани қитъаҳои замин дар ин самт, Кумита айни замон таҳияи Дастурамали корӣ барои пешбурди фаъолияти шаҳрсозӣ ба сармеъморони шаҳру ноҳияҳо омода карда истодааст.
Барои пешгирии камбудиҳои ҷойдошта, Кумита пешниҳод намуд, ки мавриди интихоби қитъаи замин барои бунёди иншоот ва биноҳои таъиноти гуногундошта, тартиб ва интихоби минтақаро барои иншооти сохтмонӣ Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тибқи Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 №342 тасдиқ шудааст ба роҳ монда, дар навбати аввал хулосаи дахлдори сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои марбутаро ба инобат гирифта, баъдан бо замимаи маводҳои коркардшудаи пешакӣ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Инчунин таҳлилҳои соҳа нишон медиҳад, ки аслан дар пешбурди фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҷумҳурӣ нарасидани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла бо ихтисоси “шаҳрсозӣ” ва “меъморӣ” ҷой дошта, масъалаи тайёр намудани кадрҳо дар хориҷи кишвар ба миён омадааст, ки нисбати ин масъала Кумита бо вазорату идораҳои дахлдор кор бурда истодааст.
Бо мақсади баланд бардоштани санъати меъмории шаҳрсозӣ дар назди Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсия медиҳад. Вобаста ба ин, сармеъморони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки мавриди додани супоришҳои меъморӣ талаботҳои имрӯзаро ба инобат гирифта, дар асоси он ба лоиҳакашон дастури дахлдор диҳанд. Лоиҳакашонро дар навбати худ зарур аст, ки лоиҳаҳои биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятиро дар асоси талаботҳои зикршуда таҳия намуда, барои мувофиқаи пешакӣ ба Комиссияи кории Кумита пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон, Кумита бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати коргузории сармеъморони шаҳру ноҳияҳо дар соли сипаригашта семинар-машваратҳо ва курсҳои такмили ихтисос гузаронид. Инчунин, Кумита соли ҷорӣ низ ин корҳоро дар ин самт идома медиҳад. Вобаста ба ин масъала, Кумита даъвати устодони варзидаро аз хориҷи кишвар барои гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ (мастер-класс) ба меъморони лоиҳакаши ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст.
Беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меравад ва дар ин замина зарурияти татбиқи сиёсати рушди деҳот ба миён омадааст.
Имрӯз ба воситаи корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш”-и Кумита кор дар бобати устувор гардонидани имкониятҳои мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо мақомоти идоракунӣ идома ёфта, ташкили инфрасохтори шаҳраку деҳот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш, фарҳанг, роҳсозиву таъмин бо барқ ва обу корезӣ бояд минбаъд такмил дода шавад.
Лекин камбудиҳо ва норасогиҳо дар фаъолияти корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш” ҷой доранд, ки мо якҷоя ҷиҳати бартараф намудани онҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаем.
Албатта, дар ин муддат бисёр корҳоро ба анҷом расонидан хеле мушкил аст, вале бояд фаъолиятро бештару хубтар ба роҳ монда, корро бо сармеъморони шаҳру ноҳияҳо боз ҳам зичтар намуда, аз рӯи оинномаи тасдиқгардида фаъолият бурда шавад. Таъмин намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигии ҷудошуда ва иншоотҳои сохташаванда бо барқ, об, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, симои меъморӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ зери назорат бояд қарор дода шавад.
Бояд фаъолияти корхонаҳои фаръӣ бо сармеъморони шаҳру ноҳияҳо боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи гузаштаи Кумита қарор карда шуд, ки комиссия ташкил карда шавад ва таҳлили кори корхонаҳои фаръӣ ва ҳамкории онҳоро бо сармеъморон дар ҷояш омӯзанд ва то нимсолаи аввали соли ҷорӣ ахбороти муфассал пешниҳод намоянд. Ин комиссия дар вақти наздик фаъолияти худро шуруъ менамояд.
Вазъи кунунии соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин норасоии мутахассисонро дар корхонаву ташкилотҳои соҳавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар дошта, барои беҳдошти он ва ба низом овардани нақшаҳои генералӣ, роҳ надодан ба таҳияи лоиҳаҳои пастсифат, зарур мешуморем, ки лоиҳаҳои корхонаҳои фаръӣ танҳо баъд аз мувофиқа намудан бо корхонаи марказӣ, яъне КВД «Лоиҳакаш» мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Роҳбарони корхонаҳои фаръии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин чораҷӯӣ карда, минбаъд барои роҳ надодан ба он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Аз ҳисоботи солонаи корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш” дар соли 2016 таҳлили пурра карда шудааст, ки ин ҷо мехоҳам нисбати камбудиҳои ҷойдошта гуфта гузарам.
Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш” дар шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа 57,6 фоиз, Вахш 53,6 фоиз, Дӯстӣ 92,9 фоиз, Ҷалолиддини Балхӣ 89,3 фоиз, Хуросон 36,3 фоиз, Данғара 88,1 фоиз, Абдураҳмони Ҷомӣ 72,9 фоиз, Шаҳритус 93,6 фоиз, Темурмалик 50,1 фоиз, Ҷайҳун 42,5 фоиз, Ҳамадонӣ 79,7 фоиз ва Шамсиддини Шоҳин 55,3 фоизи ҳамин давраи соли 2015-ро ташкил медиҳад.
Ҳосилнокии меҳнати ҳар як коргар дар корхонаҳои фаръии шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ 93 фоиз, Хуросон 78,7 фоиз, Данғара 77,13 фоиз, Абдураҳмони Ҷомӣ 93,86 фоиз, Темурмалик 50,14 фоиз, Ҷайҳун 42,5 фоиз, Ҳамадонӣ 69,77 фоиз ва Шамсиддини Шоҳин 55,3 фоизи ҳамин давраи соли 2015-ро ташкил медиҳад.
Маоши миёнаи коргарон дар як моҳ дар корхонаҳои фаръии шаҳру ноҳияҳои Вахш 77,2 фоиз, Дустӣ 88 фоиз, Ҷалолиддини Балхӣ 96,88 фоиз, Хуросон 73,6 фоиз, Абдураҳмони Ҷомӣ 95 фоиз, Ҷайҳун 57,8 фоиз, Ҳамадонӣ 74 фоиз, Шамсиддини Шоҳин 69,5 фоизи соли 215-ро ташкил медиҳад.
Чи тавре ки аз таҳлили нишондодҳо бармеояд, камбудиҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои дар боло зикргардида ба назар мерасанд. Ва вобаста ба ин, фоидаи корхонаҳо ва шумораи кормандон кам гардидаанд
Аз ин лиҳоз, директорони корхонаҳои фаръии шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Вахш, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Темурмалик, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин огоҳонида мешаванд, ки шумораи лоиҳаҳоро афзун гардонида, барои зиёд шудани ҳаҷми кор, ҳосилнокии меҳнат, маоши миёнаи коргарон, фоидаи корхона, шумораи кормандон ва бартараф намудани қарзи андозу музди меҳнат то нимсолаи якуми соли ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ба роҳ мондани фаъолияти шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сохтмонӣ дар амалӣ сохтани мақсаду мароми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо заҳмати софдилона ва иқдому фаъолияти ватандӯстонаи худ барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, дар соли 2017 аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он хоҳиш менамояд, ки дар ин самт бо сохтмончиёну меъморон, лоиҳакашон, сармеъморони шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намуда, раванди корҳои сохтмониро дар шаҳру ноҳияҳо зери назорати қатъи қарор дода, нисбати беҳтар намудани фаъолияти мақомотҳои меъморию шаҳрсозии маҳаллӣ тавассути “Равзанаи ягона” мусоидат намоянд.
Ҳамзамон, дар ин самт ба сохтмончиён ва лоиҳакашон таъкид карда мешавад, ки корҳои сохтмониро дар асоси лоиҳаҳои замонавии бо истифодаи таҷрибаи пешқадам таҳия ва тасдиқшуда, бо инобат гирифтани сохтмони иншоотҳо бо назардошти технологияҳои каммасрафи барқӣ, пайвастшавӣ бо хатҳои муҳандисӣ бо андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони иншоотҳои сохташаванда аз истифодаи технологияи ҳозиразамон ва маводҳои сохтмонии баландсифат ва дар рафти корҳои сохтмонӣ пурзӯр намудани назорати муаллифӣ ба роҳ монанд.
Дар анҷоми маърӯзаи худ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол изҳори боварӣ намуд, ки дар ҳамкории доимӣ сармеъморони вилояти Хатлон барои боз ҳам беҳтар кардани сифати корҳои лоиҳакашӣ, суръат бахшидан ба раванди фаъолияти бинокорӣ ва ободу зеботар кардани Ватани азизамон боз ҳам ба муваффақиятҳои бештар ноил мегарданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Баҳром Иноятзода баъд аз шунидани маърузаи Раиси Кумита суханронӣ намуда, гуфт:
-Дар фаъолияти меҳнатии сармеъморони вилояти Хатлон камбудиҳо хеле зиёданд. Ин камбудиҳо аз чӣ сар мезананд? Ба андешаи ман пеш аз ҳама аз надоштани нақшаҳои муфассали тарҳрезии ҳар як маҳал мебошад. Агар мо шаҳрҳои калони ин вилоятро ба назар гирем, ба монанди Кӯлоб, Сарбанд, Қӯрғонтеппа ва Норак, ин маҳаллҳои аҳолинишине ҳаст, ки дар он ҷо фаъолият ҳаст, лекин тағйиру иловаҳоро талаб мекунад. Чунки зиндагӣ дар як ҷой намеистад. Масалан яку якбора теъдоди мошинҳои сабукрав дар ҷумҳурӣ бениҳоят зиёд шуд, ба хусус дар вилояти Хатлон. Лекин мо ҳоло мутаасссифона, дар маҳаллҳои аҳолинишин таваққуфгоҳҳои шабонарӯзӣ надорем. Чи бояд кард?
-Ҳалли ин масъаларо ҳатман бояд ёфт. Шояд дар зери замин, ҷои бозии кӯдакон ё варзишгоҳҳо ё дигар ҷойҳо, роҳашро ҳатман бояд ёфт.
Дигар масъалаи ташвишовар ба андешаи Иноятзода Б. ин бозорҳо мебошанд. Дар маркази шаҳр тавақуфгоҳ нест ва одамони ба бозор омада дучори тамбашавии мошинҳо мегарданд. Бозор имрӯз аз меъёри будааш зиёдтар фаъолият мекунад. Бозори болопӯши Кӯлоб, ки қаблан барои 240 савдогар бунёд гардида буд, имрӯз дар он ҳазорҳо одамон ба савдо машғуланд. Он ҷо ҳам ҷои исти мошинҳо нест. Раисони шаҳру ноҳияҳоро ин вазъият ба ташвиш овардааст. Ду бозори ноҳияи Хуросон чи дар Ўялӣ ва чи дар маркази ин ноҳия низ ҳамин аҳволро дорад. Агар бозорро кӯчонем, мардуми зиёде бекор мемонанд. Ин ҷо низ роҳи ҳалро ёфтан лозим аст.
Имрӯзҳо мо масъалаи ободонӣ ва сабзазоркуниро сару кор гирифтем ва бояд гуфт, ки ин ҷо низ камбудиҳои ҷиддӣ сари роҳ баромада истодаанд. Ҳам дар хатҳои муҳандисӣ ва ҳам дар иншооти ёрирасон. Масалан, дар бештари хонаҳои кӯҳна мардум худсарона ба воситаи насосҳо ба ҳуҷраҳояшон об гузаронидаанд. Якум аз проблемаҳоии асосӣ он аст, ки мутаассифона мо аз қонунҳои соҳаамон бархурдор нестем. Бояд моҳияти қонунро ба аҳолӣ фаҳмонда тавонем, ки он ҳамин гуна талаботҳоро дорад ва риояи он барои ҳама ҳатмист. Аз оғози соли нав ҳанӯз ду моҳ нагузаштааст, вале мутаассифона прокурори вилоят аллакай 17 қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро бекор кард. Ин хеле ташвишовар аст, дар ҳоле ки сармеъмор, заминсоз ва муовини соҳавӣ бошад, пас онҳо чӣ кор карданд?
Бинобар он донистани Кодекси шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои сохтмонӣ барои сармеъморон ва муовинони соҳавӣ бе чуну чаро ҳатмист.
Муовини Раиси вилоят ба масъала ва камбудиҳои рузафзун дар биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳри Қӯрғонтеппа таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуда, хоҳиш намуд, ки ба хатҳои муҳандисӣ, иқтидори муваққатӣ, ҷойгиршавии онҳо ва обу корез аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Д.Табарова,
ш.Қӯрғонтеппа




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво