6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Боғи Ирам Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мешавад

205
Имрӯз, 22 март, соати 15:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайҳӣ хабар доданд.

Фестивал ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳоне мебошад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд.

Дар доираи фестивал баргузории намоиши имконияти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст.

Фестивал бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Иди Наврӯз қадимтарин ҷашни тоҷикон ҳисобида шуда, бо хусусияти хоси худ афзалияти муҳими сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво