28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд

173
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд18 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд қисми низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба афсарону сарбозон табрик гуфт. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили иди Наврӯз дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона доир гардида, қишри ниёзманди ҷомеа ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешавад. Ҳамзамон дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ аёдат гардида, барои хизматчиёни ҳарбӣ дастурхони наврӯзӣ ороста мешавад.

«Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардида, ба боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшанд, иҷрои нияту нақшаҳои созандаро таъмин намуда, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамонро боз ҳам обод созанд»,-иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои афсарону сарбозон дастархони наврӯзӣ густарда шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орду равған ва дигар маводи зарурӣ дастрас гардид.

Аёдати афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва дигар чорабиниҳои наврӯзӣ дар ҳудуди вилоят идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки барномаҳои асосии наврӯзӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 21 март гузаронида мешаванд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд


Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд


АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво