14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад

264
Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад21 март бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад.

Тавре дар шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Форуми мазкур бори сеюм аст, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Мақсади асосии он ташвиқу тарғиби арзишҳои созандаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имконияти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳон, таҳкими муносибатҳои бародаршаҳрӣ, рушди имконоти соҳибкорию сармоягузорӣ ва муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ ба шумор меравад.

Форум аз ду бахш (иҷлосия): «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ» ва «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» иборат мебошад.

Дар кори форум иштироки 400 нафар аз ҳисоби кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, бародаршаҳрҳо ва коршиносони соҳа дар назар аст.



АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво