Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим» баррасӣ гардид![]() ![]() Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим» аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии кишвар татбиқ ва аз сӯи Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ва директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода зикр намуданд, ки масъалаҳои техникии лоиҳаи мавриди назар барои таъмини устуворӣ баъди ба анҷом расиданаш муфассал мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. Инчунин зарурати муайян намудани минтақаҳое, ки лоиҳаи мазкур дар он ҷо самаранок татбиқ мегардад, мувофиқи мақсад шуморида шуд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омодасозии Ёддошти ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ шуданд. ![]() АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |