19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Данғара таъмини иҷрои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро баррасӣ карданд

422
Дар Данғара таъмини иҷрои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро баррасӣ кардандАз ҷониби масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10— и Ҷамоати деҳоти Оқсу бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ноболиғон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки имрӯзҳо сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфта, падару модарон низ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тадбирҳои зарурӣ андешида, барои маърифатнок шудани онҳо шароити хуб фароҳам оварда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, барои боз ҳам беҳ гардидани вазъ ва ба донишандӯзиву аз худ кардани касбу ҳунар ва интихоби тарзи ҳаёти солим роҳнамоӣ кардани онҳо аз мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама аз падару модар ва омӯзгорон масъулияти бештар тақозо мегардад.

Дар Данғара таъмини иҷрои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро баррасӣ карданд


Таъкид гардид, ки падару модарон дар таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ташаббускору фаъол бошанд.Фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватан ҳидоят созанд, то ин ки дар оянда тавонанд аз фарзандони содиқу номдори худ ифтихор намоянд.

Аксҳо: Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво