28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва СММ ҳамкориро дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар густариш медиҳанд

293
Тоҷикистон ва СММ ҳамкориро дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар густариш медиҳандДар доираи сафар ба шаҳри Вена директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Волӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Агентӣ оид ба корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба Ғода Волӣ маълумот манзур намуд.

Ҳабибулло Воҳидзода аз натиҷаи чорабинии канорӣ оид ба муаррифии маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» маълумот дода, нусхаи маҷаллаи мазкурро ба Фатҳа Волӣ ва ҳайати иштирокчиён пешниҳод кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо якчанд масъалаи мубрам, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкориро бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи татбиқи барномаҳои ин Раёсат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон бо назардошти таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон бармеомада, аз ҷумла қочоқи рӯзафзуни маводи нашъаовар, силоҳ, кирдорҳои террористию экстремистӣ, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ директори Агентӣ аз Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ба мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ даъват ба амал овард.

Дар фарҷоми мулоқот Ғода Волӣ иброз намуд, ки аз ҷониби Давлати Ҷопон ва Ҷумҳурии Италия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамкории фаромарзӣ маблағ ҷудо шудааст, ки он ба Тоҷикистон низ равона мегардад.

Ёдовар мешавем, ки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода барои иштирок дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки то 18 март идома меёбад, дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.

Дар ҳошияи иҷлосия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбарони ҳайатҳои ИМА Тод Робинсон, Арабистони Саудӣ Муҳаммад Алҳакабанӣ ва Покистон Гулам Шабир мулоқот анҷом дода, дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо ин кишварҳо дар самти назорати маводи нашъаовар баррасӣ кард.

Директори Агентӣ инчунин дар Вена тариқи маҷозӣ «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро муаррифӣ карда, дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони «Пурзӯр намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ дар доираи СҲШ, мусоидат намудан ба назорати фаромиллии маводи нашъовар» иштирок намуд.



АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво